Қарори додгоҳи Покистон дар мавриди Имрон Хон

© POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Пакистана Имран Хан
Премьер-министр Пакистана Имран Хан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Қарори додгоҳи Покистон дар мавриди собиқ сарвазири ин ҷумҳурии исломӣ, ки дар боздошт қарор дорад, дар пасманзари эътирозҳо қабул гардид
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Додгоҳ бо вуҷуди эътирозҳои идомадошта дар Покистон собиқ нахуствазири ин кишвар, Имрон Хонро барои 8 рӯз боздошт кард.
Нооромиҳо дар Покистон тадриҷан ба задухӯрд бо пулис ва тасарруфи биноҳои маъмурӣ табдил ёфта истодаанд.
Бо вуҷуди эълони нобоварӣ ва барканорӣ дар соли 2022, Имрон Хон ҳамчунон чеҳраи аршади сиёсии кишвар боқӣ мемонад ва ҳизби "Таҳрики Инсоф" рақиби аслии интихоботи оянда боқӣ мондаст.
Имрон Хонро Бюрои миллии гузоришдиҳӣ боздошт кардааст. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.
Сотрудники полиции во время протестов сторонников бывшего премьер-министра Пакистана Имран Хана в Карачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Авҷи беназмӣ дар Покистон пас аз боздошти Имрон Хон
Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад. Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд.
Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд.
Қаблан Бюрои масъулиятшиносии миллӣ алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд.
Лентаи хабарҳо
0