https://sputnik.tj/20230510/istiqbol-rahmon-berdimuhammadov-qasri-millat-1057006482.html
Истиқболи Раҳмон аз Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат
Истиқболи Раҳмон аз Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат
Sputnik Тоҷикистон
Дар маросими истиқбол ба хотири кишвардори Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд
2023-05-10T11:25+0500
2023-05-10T11:25+0500
2023-05-10T12:20+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
сардор бердимуҳаммадов
сиёсат
қасри миллат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057008252_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_da2050814745bcb27e1be8759d9608b3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов кишвардори Туркманистонро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат пешвоз гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.Бар хабари манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои туркманашро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд."Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.Ҳамчунин, аз назди сарони ду давлат ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ гузаштанд.Манбаъ меафзояд, ба хотири Бердимуҳаммадов аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.Дар Тоҷикистон чанде пеш ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар сурат гирифт, ки дар доираи он беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид.Инчунин пас аз анҷоми мулоқоту музокироти саарони ду давлат ба имзо расидани чанд санади нави ҳамкроӣ дар назар аст.Бояд гуфт, сафари Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Тоҷикистон мебоист рӯзҳои 10-11 апрел сурат гирифт, вале ба далели реҳлати модарбузурги ӯ ин сафар ба таъхир уфтод.
https://sputnik.tj/20230510/berdimuhammadov-tojikiston-omad-1057004138.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057008252_14:0:725:533_1920x0_80_0_0_fe77c9c0884493492bc5c04981b5d4f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бердимуҳаммадов раҳмон истиқбол
бердимуҳаммадов раҳмон истиқбол
Истиқболи Раҳмон аз Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат
11:25 10.05.2023 (Навсозишуда: 12:20 10.05.2023) Дар маросими истиқбол ба хотири кишвардори Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов кишвардори Туркманистонро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат пешвоз гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои туркманашро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
"Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳамчунин, аз назди сарони ду давлат ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ гузаштанд.
Манбаъ меафзояд, ба хотири Бердимуҳаммадов аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Дар Тоҷикистон чанде пеш ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар сурат гирифт, ки дар доираи он беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид.
Инчунин пас аз анҷоми мулоқоту музокироти саарони ду давлат ба имзо расидани чанд санади нави ҳамкроӣ дар назар аст.
Бояд гуфт, сафари Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Тоҷикистон мебоист рӯзҳои 10-11 апрел сурат гирифт, вале ба далели реҳлати модарбузурги ӯ ин сафар ба таъхир уфтод.