Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон омад

© Пресс-служба Президента УзбекистанаПрезидент Туркменистана Сердар Бердымухамедов
Президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Кишвардори Туркманистон бояд моҳи апрел ба Тоҷикистон меомад, вале бинобар даргузашти модарбузургаш сафари ӯ ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенити Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардори Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадовро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
"Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сарони ду давлат, чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба таъхир афтод
Ёдовар мешавем, сафари Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Тоҷикистон бояд рӯзҳои 10-11 апрел сурат мегирифт, вале ба далели реҳлати модарбузурги ӯ ин сафар ба таъхир уфтод.
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Душанбе ва Ишқобод бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон чанде пеш ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар сурат гирифт, ки дар доираи он беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки дар остонаи нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар пойтахт намоишгоҳи муштараки содиротӣ ба кор шурӯъ кард.
Лентаи хабарҳо
0