Чорякфинали чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс: Чанд муштзани тоҷик роҳ ёфт?

© RCC Boxing Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс миёни мардон, ки дар пойтахти Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони даҳҳо давлат ҷараён дорад, ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар муҳорибаҳои даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Тоҷикистонро 4 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои ба даст овардани медалҳо дар вазни 57кг Асрор Воҳидов муқобили Мунарбек Сеитбек уулу аз Қирғизистон вориди майдон мешавад.
Дар вазни 63,5кг Баҳодур Усмонов муқобили Хунатип Пуднич аз Тайланд нерӯсанҷӣ мекунад.
Давлат Болтаев дар вазни 92 кило бо Азиз Аббос Муҳиддин аз Италия сабқат хоҳад кард. Дар сессияи шомгоҳӣ дар вазни 75кг Некрӯз Салимов муқобили Морино Фендеро аз Фаронса муштзанӣ хоҳад кард, омадааст дар итилоия.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Шикасти Маҳмадбеков ва роҳхати Ризоев ба даври дуюм дар чемпионати ҷаҳон
Аз Тоҷикистон ба чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов сафарбар шуда буданд.
Бархе аз намояндагони Тоҷикистон аллакай аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд. Мусобиқаи мазкур то 14 май идома хоҳад кард.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Варзишкорони Русия ва Белорус дар ин сабқат бо парчаму дигар рамзхои миллияшон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Швейтсария, Ҳолланд, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Канада, Украина, Олмон ва Норвегия аз фиристодани варзишгарони худ ба мусобиқа худдорӣ карданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0