Шикасти Маҳмадбеков ва роҳхати Ризоев ба даври дуюм дар чемпионати ҷаҳон

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар пойтахти Қатар аллакай 4 паҳлавони тоҷик аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардида, боқимонда сабқатро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон дар Қатар ҷудокорон дар вазни 63 кг миёни занон ва то 81 кг миёни мардон нерӯсанҷӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ҷумҳуриро дар ин сабқат Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг муаррифӣ мекунанд. Маҳмадбеков аллакай дар даври аввал шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардид.
Ризоев дар даври авввал бо ду вазари ба даври дуюм роҳхат гирифт, ки дар ин марҳила бо ҷудокори португалӣ Анри Эгутидзе вориди майдон мешавад.
Ахиран Беҳрӯз Хоҷазода дар чемпионат ,бо шикасти рақибонаш то даври сеюм расид. Аммо дар даври 3-юм аз қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Ҳашимото бо як вазари бар Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз гашт.
Tashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
Рақибони ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Пештар паҳлавонони дигари тоҷик, Эмомалии Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров низ то даври дуюм роҳхат гирифта буданд, аммо шикаст барояшон дар ин марҳила имкони идомаи сабқатро надод.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо аз 7 то 13 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор идома меёбад. Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат мекунанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Бар асоси қуръакашиҳо, аз намояндаҳои боқимондаи тоҷик дар ин сабқат Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Зеландияи Нав қувва меозмоянд.
Дар идома, Ҷаҳонгир Маҷидов бо намояндаи Миср ва ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифи ӯ намояндаи Гвения хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0