https://sputnik.tj/20230509/dushanbe-ishqobod-sanadho-hamkori-imzo-1056998055.html
Душанбе ва Ишқобод бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Душанбе ва Ишқобод бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид
2023-05-09T19:25+0500
2023-05-09T19:25+0500
2023-05-09T19:25+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
тиҷорат
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_66ff30e070791074ebbc36fa438f09a7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар ҷараёни ҳамоиши соҳибкорон ва нахустин ҷаласаи шӯрои тоҷирони ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар медиҳад.Ҳамин тариқ, миёни Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон ва як қатор корхонаҳои давлатӣ ва сохторҳои хусусии Тоҷикистон созишномаҳои нав ба даст омаданд.Бояд гуфт, ки дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, намояндагони илму сохторҳои соҳибкорӣ ширкат доштанд. Маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба татбиқи иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ, содиротӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби табодули таҷриба дар соҳаи саноати сабук пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави муштарак таъсис дода шавад. Зимнан зикр гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт ва кишоварзӣ низ ҷузъи муҳими шарикӣ буда, тавофуқоти ҳосилшуда ба фаъол шудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард. Илова бар ин, зарурати баргузории намоишгоҳҳои муштараки истеҳсолкунандагони коло ва форумҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд. Қобили зикр аст, ки дар остонаи нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар пойтахт намоишгоҳи муштараки содиротӣ ба кор шурӯъ кард.
https://sputnik.tj/20230508/nakhustin-jalasa-shuro-tojikiston-turkmanistonr-dushanbe-1056963812.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_c6bca8e9e771c509ec590491013c494f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ишқобод баста нави санадҳо ҳамкорӣ имзо
душанбе ишқобод баста нави санадҳо ҳамкорӣ имзо
Душанбе ва Ишқобод бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Дар ҳошияи ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар ҷараёни ҳамоиши соҳибкорон ва нахустин ҷаласаи шӯрои тоҷирони ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, миёни Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон ва як қатор корхонаҳои давлатӣ ва сохторҳои хусусии Тоҷикистон созишномаҳои нав ба даст омаданд.
"Нахустин ҷаласаи шӯрои соҳибкорони Туркманистон ва Тоҷикистон як имкони нав барои ба роҳ мондани равобити қавии шарикӣ миёни ҷонибҳо ва ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои рӯзномаи дуҷониба мебошад”, - омадааст дар паём.
Бояд гуфт, ки дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, намояндагони илму сохторҳои соҳибкорӣ ширкат доштанд.
Маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба татбиқи иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ, содиротӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби табодули таҷриба дар соҳаи саноати сабук пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави муштарак таъсис дода шавад.
Зимнан зикр гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт ва кишоварзӣ низ ҷузъи муҳими шарикӣ буда, тавофуқоти ҳосилшуда ба фаъол шудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Илова бар ин, зарурати баргузории намоишгоҳҳои муштараки истеҳсолкунандагони коло ва форумҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки дар остонаи нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар пойтахт намоишгоҳи муштараки содиротӣ ба кор шурӯъ кард.