https://sputnik.tj/20230509/rustam-emomali-bogh-ghalaba-sobiqadoron-tabrik-1056991407.html
Рустами Эмомалӣ дар Боғи Ғалаба собиқадоронро табрик гуфт
Рустами Эмомалӣ дар Боғи Ғалаба собиқадоронро табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар чорабинӣ ба ҷуз аз раиси пойтахт, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат доштанд
2023-05-09T14:13+0500
2023-05-09T14:13+0500
2023-05-09T14:14+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
рӯзи ғалаба
ҷанговарон
табрикот
ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056985421_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_c7d0345df5b1bb0da0b41521c3a7bb61.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими гузоштани гулчанбар ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба хотири гиромидошти хотираи сарбозони ҳалокшудаи Тоҷикистон омаданд. Ҳамчунин аз номи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорон, намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия гулчанбарҳо гузошта шуданд. Пас аз ин, Рустами Эмомалӣ шахсан бо собиқадорон суҳбат карда, ба онҳо табрикоти Рӯзи Ғалабаро расонд. Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ, ки он замон тақрибан чоряки шумораи умумии аҳолиро ташкил медод, ба ҷабҳа рафтанд. Зиёда аз 90 ҳазор - барнагаштанд ва 54 нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон бо ҷоизаи олӣ – Ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Он солҳо дар Точикистон 29 дармонгоҳи кӯчонидашаванда ба кор андохта шуд, ки дар онхо даххо хазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ муолиҷа ва барқарор карда шуданд, қариб 40 ҳазор нафар тахлияшудагон аз манотиқи марказии СССР дар оилаҳои оддӣ ҷой дода шуданд, ки ба онҳо чун хешу табор муносибат мекарданд.
https://sputnik.tj/20230509/putin-rahmon-prezident-sipos-ajdodoni-piruz--1056983336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056985421_0:0:1822:1366_1920x0_80_0_0_f1c80d93584f36516690a83389762c66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ боғи ғалаба собиқадорон табрик
рустами эмомалӣ боғи ғалаба собиқадорон табрик
Рустами Эмомалӣ дар Боғи Ғалаба собиқадоронро табрик гуфт
14:13 09.05.2023 (Навсозишуда: 14:14 09.05.2023) Дар чорабинӣ ба ҷуз аз раиси пойтахт, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат доштанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими гузоштани гулчанбар ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба хотири гиромидошти хотираи сарбозони ҳалокшудаи Тоҷикистон омаданд.
Ҳамчунин аз номи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорон, намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Пас аз ин, Рустами Эмомалӣ шахсан бо собиқадорон суҳбат карда, ба онҳо табрикоти Рӯзи Ғалабаро расонд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ, ки он замон тақрибан чоряки шумораи умумии аҳолиро ташкил медод, ба ҷабҳа рафтанд.
Зиёда аз 90 ҳазор - барнагаштанд ва 54 нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон бо ҷоизаи олӣ – Ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Он солҳо дар Точикистон 29 дармонгоҳи кӯчонидашаванда ба кор андохта шуд, ки дар онхо даххо хазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ муолиҷа ва барқарор карда шуданд, қариб 40 ҳазор нафар тахлияшудагон аз манотиқи марказии СССР дар оилаҳои оддӣ ҷой дода шуданд, ки ба онҳо чун хешу табор муносибат мекарданд.