https://sputnik.tj/20230509/putin-rahmon-prezident-sipos-ajdodoni-piruz--1056983336.html
Путин ба Раҳмону президентҳои дигар сипос гуфт: аҷдодони мо якҷо пирӯз шуданд
Путин ба Раҳмону президентҳои дигар сипос гуфт: аҷдодони мо якҷо пирӯз шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар Майдони Сурх аз он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ кард, ки барои таҷлили рӯзи Ғалаба ба Маскав омаданд
2023-05-09T12:33+0500
2023-05-09T12:33+0500
2023-05-09T13:22+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
майдон
ҷбв
ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056980435_0:0:2996:1685_1920x0_80_0_0_3462542f63a3c2be43b6e592a5f0fd34.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Аҷдодони мо якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар хитоб ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ намуд, ки барои таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба ба Маскав омаданд. Вай инро баёнгари аҷру эҳтироми амали аҷдодон хонд, ки якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд. Сари таъзимро пеши ҳамаи онҳое, ки барои Ғалаба мубориза бурданд, фуруд меорем, таъкид намуд Путин. Вай барои поси хотири қурбониёни ин ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон кард. Феълан дар Маскав, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд. Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.
https://sputnik.tj/20230509/oghoz-guzashti-harbi-maskav-huzur-prezident-1056981311.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056980435_16:0:2747:2048_1920x0_80_0_0_0cd48785a72e11d0b67dcd88fe8f638c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маънӣ, путин, маскав, эмомалӣ раҳмон, ҷанги бузурги ватанӣ
маънӣ, путин, маскав, эмомалӣ раҳмон, ҷанги бузурги ватанӣ
Путин ба Раҳмону президентҳои дигар сипос гуфт: аҷдодони мо якҷо пирӯз шуданд
12:33 09.05.2023 (Навсозишуда: 13:22 09.05.2023) Раисҷумҳури Русия дар Майдони Сурх аз он роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ кард, ки барои таҷлили рӯзи Ғалаба ба Маскав омаданд
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Аҷдодони мо якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар хитоб ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ.
Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх ба роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдорӣ намуд, ки барои таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба ба Маскав омаданд.
Вай инро баёнгари аҷру эҳтироми амали аҷдодон хонд, ки якҷоя мубориза бурданду якҷоя пирӯз шуданд.
Сари таъзимро пеши ҳамаи онҳое, ки барои Ғалаба мубориза бурданд, фуруд меорем, таъкид намуд Путин. Вай барои поси хотири қурбониёни ин ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон кард.
Феълан дар Маскав, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд.
Бар асоси оморҳои нашргардида, Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба ҷабҳа фиристод, ки қариб 100 ҳазори онҳо барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон дода, садҳо ҳазор тон ғалла, пахта, пашм, либоси гарм ва дигар лавозимотро таъмин мекардаанд.