https://sputnik.tj/20230509/putin-guft-oyanda-guna-1056982449.html
Президенти Русия гуфт, ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад
Президенти Русия гуфт, ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ назарашро ба гузаштаю ояндаи ҷаҳон баён кард
2023-05-09T12:53+0500
2023-05-09T12:53+0500
2023-05-09T13:38+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056982049_0:0:3370:1896_1920x0_80_0_0_bcc0cea74e79b8a8fb2316bf535acb1a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Русия хостори ояндаи орому осуда мебошад, ин Ғарб аст, ки тухми низоъ мекорад, изҳор дошт президент, Владимир Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх. Путин дар ҳошияи гузашти ҳарбӣ гуфт, Русия мехоҳад ояндаро осоишта, озод ва устувор бубинад ва бартарияти ҳар идеологияро ҷиноятӣ фоҷиабор медонад. "Мисли аксарияти кулли мардуми сайёра мо мехоҳем ояндаи осоишта, озод ва устувор бубинем. Ҳар идеологияи бартарият аз рӯи табиати худ нафратовар, ҷиноӣ ва марговар аст", - гуфт раисҷумҳури Русия ва нозиҳоро мисол овард. Вай зикр намуд, ки алайҳи Русия боз ҷанги воқеӣ оғоз шудааст ва афзуд, ки амнияти кишвар таъмин хоҳад шуд. Ба гуфтаи президенти Русия, глобалистҳои ғарбӣ, ки худро бартару истисноӣ медонанд, тухми низоъ мекоранд, ҳадаф доранд натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонро таҳрифу амнияти ҷаҳониро барҳам зананд. Путин майли ҷаҳонро ба сӯи бисёрқутбӣ истиқбол карда, изҳор дошт, ки Ғарб талош дорад, ҳар маркази мустақили қарорро саркӯб кунад. Вай бо изҳори миннатдорӣ ба иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина афзуд, ки онҳо барои ояндаю давлатдории Русия мубориза мебаранд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, мардуми Русия муттаҳид шуда, иштирокдорони амалиётро аҳлона дастгирӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230509/putin-rahmon-prezident-sipos-ajdodoni-piruz--1056983336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056982049_639:0:3370:2048_1920x0_80_0_0_e41df4afb7839b15dfbbdb4b21a70d46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳури русия, ҷаҳон, ҷбв
владимир путин, раисҷумҳури русия, ҷаҳон, ҷбв
Президенти Русия гуфт, ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад
12:53 09.05.2023 (Навсозишуда: 13:38 09.05.2023) Раисҷумҳури Русия дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ назарашро ба гузаштаю ояндаи ҷаҳон баён кард
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Русия хостори ояндаи орому осуда мебошад, ин Ғарб аст, ки тухми низоъ мекорад, изҳор дошт президент, Владимир Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх.
Путин дар ҳошияи гузашти ҳарбӣ гуфт, Русия мехоҳад ояндаро осоишта, озод ва устувор бубинад ва бартарияти ҳар идеологияро ҷиноятӣ фоҷиабор медонад.
"Мисли аксарияти кулли мардуми сайёра мо мехоҳем ояндаи осоишта, озод ва устувор бубинем. Ҳар идеологияи бартарият аз рӯи табиати худ нафратовар, ҷиноӣ ва марговар аст", - гуфт раисҷумҳури Русия ва нозиҳоро мисол овард.
Вай зикр намуд, ки алайҳи Русия боз ҷанги воқеӣ оғоз шудааст ва афзуд, ки амнияти кишвар таъмин хоҳад шуд.
Ба гуфтаи президенти Русия, глобалистҳои ғарбӣ, ки худро бартару истисноӣ медонанд, тухми низоъ мекоранд, ҳадаф доранд натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонро таҳрифу амнияти ҷаҳониро барҳам зананд.
Путин майли ҷаҳонро ба сӯи бисёрқутбӣ истиқбол карда, изҳор дошт, ки Ғарб талош дорад, ҳар маркази мустақили қарорро саркӯб кунад.
Вай бо изҳори миннатдорӣ ба иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина афзуд, ки онҳо барои ояндаю давлатдории Русия мубориза мебаранд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, мардуми Русия муттаҳид шуда, иштирокдорони амалиётро аҳлона дастгирӣ мекунанд.