Песков: Кишварҳои ИДМ 9 майро рӯзи муқаддас медонанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Обуна шудан
Котиби матбуотии президенти Русия ба раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Маскав изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бисёре аз кишварҳои ИДМ то ҳол 9 майро рӯзи муқаддас медонанд, ки ҳатман таҷлил шавад. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
“9 май ҳамчун яке аз ҷашнҳои аслии мардуми кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳфуз аст ва бисёре аз кишварҳои узви ИДМ то ҳол онро рӯзи муқаддасе медонанд, ки бояд таҷлил шавад",- афзуд вай.
Дар ин робита котиби матбуотӣ ба сарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, ки бо даъвати роҳбари Русия ба Маскав омадаанд, изҳори сипос кард.
Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Раҳмон барои ширкат дар Паради Ғалаба ба Майдони сурхи Маскав омад
"Дар ин ҳолат мо аз меҳмонони худ хеле миннатдорем, ки онҳо имкон пайдо карданд, то дар ин рӯзи тантанавӣ дар якҷоягӣ бо президенти мо ва мо ҳузур дошта бошанд", - хулоса кард Песков.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш сарони 7 давлат ба унвони меҳмони фахрӣ барои таҷлил аз 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди Русия шуданд.
Лентаи хабарҳо
0