Раҳмон барои ширкат дар Паради Ғалаба ба Майдони сурхи Маскав омад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву
Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати раҳбари Русия дар қатори сарони кишварҳои дигари ИДМ дар паради 9 май дар Майдони сурхи Маскав ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар паради бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Майдони Сурх омад.
Сарони Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Узбекистон ва Туркманистон низ барои ширкат дар ин ҷашн ба Маскав омаданд.
Онҳо ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин аз роҳи сангфаршҳои Кремл ба минбарҳои идона, ки дар он ҷо меҳмонони фахрӣ чамъ омада буданд, рафтанд.
Парад Победы в Москве - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Гузашти ҳарбӣ дар Маскав бо ҳузури президентҳо - видео
Миёни онҳо собиқадорони ҶБВ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, дипломатҳо, иштирокчиёни амалиёти махсуси ҷангӣ ва бисёр дигарон ҳастанд.
Имсол дар марши тантанавӣ беш аз 10 ҳазор нафар, ҳамчунин 125 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ ширкат доранд.
Сарони кишварҳои узви ИДМ билофосила пас аз анҷоми паради низомӣ ба Боғи Александровск рафта, дар он ҷо ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд ва пас аз он бо раҳбари Русия субҳонаи ғайрирасмӣ хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0