Милиса навори сӯхтани бадани наврасро дар мактаби Душанбе таҳқиқ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Обуна шудан
Дар пайи нашри навори оташ гирифтани либоси як наврас дар ҳузури хонандагони мактаб ва мақомдорони низомӣ милиса ин ҳолатро тафтиш кардааст
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Таҳқиқи навори оташ гирифтани хонандаи мактаб муайян намуд, ки ҳодиса дар мактаби рақами 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии Душанбе, маъмурини милиса баъди нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатро мавриди санҷиш қарор доданд.
"Дар натиҷа муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 6-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар асоси нақша, дар муассисаи мазкур машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Сӯхтору таркиши НФС дар Душанбе як кушта барҷой гузошт
"Дар натиҷа аз ҷониби масъулин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад, ки зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст", - афзуд манбаъ.
Мақомоти умури дохилӣ илова намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Дар наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, либоси як наврасе оташ гирифта, се нафари низомипӯш ба кумаки ӯ мешитобанд, аммо муваффақ намешаванд ва дар ниҳоят худи хонанда даст меёбад, ки либоси сӯхтаро аз танаш канад.
Лентаи хабарҳо
0