Сӯхтору таркиши НФС дар Душанбе як кушта барҷой гузошт

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Сӯхтор ва таркиши маводи сӯхт дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, як кушта барҷой гузоштааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сӯхтори маргбор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати "Соро Ойл", дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рух дод.
Дар ин бора Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи маргбор баъди зуҳри 28 апрели соли равон, тахминан соати 15:30 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" рух дод.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки сӯхтор ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашина сар задааст.
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Қаҳвахонаи "Душанбе" дар маркази Иркутск сӯхт: тафсилоти ҳодиса
Он аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд, омадааст дар иттилоия.
"Дар натиҷаи ин сухтор як нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки зарар ва омилҳои сӯхтор аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориеро дар пойтахт, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, аз миён бардорад.
Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ҳудуди 17 нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба талабот мувофиқат намекунанд, бардошта хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0