https://sputnik.tj/20230314/barguzorii-komisiyai-mushtaraki-hamkorihoi-eronu-tojikiston-dar-shahri-dushanbe-1055483207.html
Баргузории комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Баргузории комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Эрон барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
2023-03-14T11:45+0500
2023-03-14T11:45+0500
2023-03-14T17:36+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
иҷтимоъ
сиёсат
эрон
комиссия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар пойтахти кишвар комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.Ба ин хотир Ғуломҳусейни Ҳусейниё, раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сарварии ҳайати барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкории бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.Ҳайати Ҷумҳурии исломиро дар фурудгоҳи байналмиалалии шаҳри Душанбе муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат истиқбол гирифтанд.Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Ҳусейниён дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо вазир ва дигар мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.Вай афзуд имсол низ бо талоши мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд.Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
https://sputnik.tj/20230313/eron-iktishof-naft-gaz-tojikiston-barnomaho-1055470521.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, комисия муштарак, вазорати меҳнат, сафири эрон дар душанбе
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, комисия муштарак, вазорати меҳнат, сафири эрон дар душанбе
Баргузории комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
11:45 14.03.2023 (Навсозишуда: 17:36 14.03.2023) Раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Эрон барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар пойтахти кишвар комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ба ин хотир Ғуломҳусейни Ҳусейниё, раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сарварии ҳайати барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкории бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии исломиро дар фурудгоҳи байналмиалалии шаҳри Душанбе муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат истиқбол гирифтанд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Ҳусейниён дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо вазир ва дигар мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Вай афзуд имсол низ бо талоши мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.