Дар Душанбе намоишгоҳи содиротии Тоҷикистону Туркманистон ифтитоҳ ёфт

© Пресс-служба МИД ТуркменистанаСовместный бизнес-форум Таджикистана и Туркменистана
Совместный бизнес-форум Таджикистана и Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Обуна шудан
Дар форуми тиҷорӣ беш аз 230 корхона ва ширкатҳои мухталиф аз ду кишвар хидматрасониҳо ва молу маҳсулоти истеҳсолии худро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе дар остонаи сафари Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи муштараки колоҳои содиротии Тоҷикистону Туркманистон оғоз шуд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷаи Туркманистон, дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси Девони вазирон Ботир Атдаев ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ширкат доштанд.
Дар намоишгоҳ маҳсулот, коло ва хидматрасонии мухталифи ду кишвар аз бахшҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, тавлиди маҳсулоти қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мошинсозӣ ва саноати кимиё, истихроҷ ва истихроҷи металлҳои қиматбаҳо, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Душанбе ва Ишқобод бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Тоҷикистонро дар он ҳудуди 150 созмон ва корхонаҳои хусусӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар ин чорабинӣ аз Туркманистон ҳудуди 70 муассиса ва ширкат ширкат доранд, ки 50-тои онҳо узви Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорон мебошанд.
Қобили зикр аст, ки Сардор Бердимуҳаммадов рӯзҳои 10-11 апрел бояд аз Тоҷикистон дидан мекард, вале ба далели даргузашти бибиаш ин сафарро ба таъхир гузошта буд.
Рӯзҳои наздик ба ҷумҳурӣ омадани ӯ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0