Баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ, ки қаблан ба таъхир гузошта, буд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ, ки қарор буд 8-уми апрел баргузор мешуд ва ба далели даргузашти модарбузурги раисҷумҳури Туркманистон, ба муҳлати номуайян ба таъхир афто буд.
Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ду давлат, форуми тиҷоратӣ ва дар доираи форум вохӯриҳои дуҷониба дар шакли соҳибкор бо соҳибкор "В2В" байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба таъхир афтод
Дар форум беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, истеҳсоли қаҳва, сайёҳӣ, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, нассоҷӣ, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамояд.
Лентаи хабарҳо
0