“Устоди алоқа”: Ба Бег Сабур унвони нав дода шуд

© Хадамоти алоқаи ТоҷикистонБег Сабур, раиси Хадамоти алоқа
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Дар Хадамоти алоқаи бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи алоқа, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он бархе аз кормандони соҳаи алоқа қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур ба унвони фахрии “Устоди алоқа” сарфароз гардонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамот.
Ба иттилои манбаъ, унвони мазкур ба як қатор кормандони соҳаи алоқа аз ширкати “Тоҷиктелеком”, КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг", КВД "Почтаи Тоҷик", КВД "Алоқаи махсус", КВД "Маркази марка", Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ", Муассисаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", бахшҳои Хадамоти алоқа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, НТБ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин бо ин унвон чандин корманди ширкатҳои мобилӣ низ ба унвони фахрии “Устоди алоқа” шарафёб гардиданд.
Бег Сабур зимни суханронии худ таъкид кардааст, ки соҳаи алоқа дар кишвар рушди босуъат ёфтааст.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Бег Сабур ба президент гуфт, чӣ гуна суръати интернетро баланду нархашро паст мекунад
Вай афзуд, ки кормандони соҳаи алоқа бояд аз худ масъулияти дучанд зоҳир намоянд.
Инчунин дар ин ҷаласа аз ҷониби меҳмонон ва иштирокдорон зикр гардид, ки ташаккули технологияи муосир нақши алоқаро барои рушди тамоми соҳаҳои дигар ба маротиб боло бурдааст.
“Аз ин рӯ, рушди босуръати ҷаҳони муосирро бе пешрафти соҳаи алоқа тасаввур кардан ғайри имкон аст”, -таъкид карданд ҳозирин.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ кард. Ин ихтирооти нодир дар айни замон ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шудаааст. Аз соли 1945 бошад ҳамсола таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0