Бег Сабур ба президент гуфт, чӣ гуна суръати интернетро баланду нархашро паст мекунад

© Foto / Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз иқдомҳо барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш додааст, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дар бораи иҷрои дастуру супоришҳои барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат гузориш додаст.
Дата-центр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Президент оқибати бади суръати пасту нархи баланди интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Ӯ афзудааст, ки барои даст ёфтан ба ин ҳадафҳо якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда кор карда истодаанд. Аммо чӣ корҳо то ҳол анҷом ёфтаанд, зикр нагардидаст.
Таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад, изҳор дошта буд Раҳмон дар паём ба парлумон.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 млн расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест, афзуда буд Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0