https://sputnik.tj/20230508/tabodul-kolo-sughd-va-mintaqahoi-turkiya-1056965740.html
Табодули коло миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Туркия ба 100 миллион доллар расид
Табодули коло миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Туркия ба 100 миллион доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо ноиби раиси Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ масъплт фаъол намудани фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баррасӣ намуданд
2023-05-08T15:05+0500
2023-05-08T15:05+0500
2023-05-08T15:05+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/08/1056965576_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_7c05f327e11d948d80bfc4f280d7ae9a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зимни мулоқот аз сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард ва дар бораи саҳминазарраси Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) таъкид кард.Аҳмадзода таъкид кард, ки дар натиҷаи гуфтушунид ва мулоқоту музокирот бо доираҳои соҳибкории Туркия ҷалби сармоя ҳамкорӣ тақвият ёфта, соҳибкорони турк дар амалисозии тарҳҳои муштарак, аз ҷумла фаъол намудани фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ саҳм гузошта истодаанд.Қайд карда шуд, ки дар соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Туркия 100 миллион долларро ташкил дода, соли ҷорӣ низ нишондиҳандаҳо беҳтар гардида истодааст.Дар ҳамин ҳол, ноиби Президенти Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ин мулоқот аз кӯмакҳои ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Туркия изҳори сипос кард, омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои нав изҳор дошт.Ҳамзамон зимни мулоқт тарафҳо дурнамои ҳамкории мақомоти вилоят ва Агентии туркиро баррасӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230421/turkiya-tojikiston-tahsil-rishtai-sayyohi-bursiya-1056614778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/08/1056965576_61:0:1021:720_1920x0_80_0_0_c014e6d37bf5529d8bd41ca0d19ee7ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, табодули коло, суғд, туркия, фабрика, ресандагӣ, мастчоҳ
тоҷикистон, табодули коло, суғд, туркия, фабрика, ресандагӣ, мастчоҳ
Табодули коло миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Туркия ба 100 миллион доллар расид
Раиси вилояти Суғд бо ноиби раиси Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ масъплт фаъол намудани фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зимни мулоқот аз сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард ва дар бораи саҳминазарраси Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) таъкид кард.
Аҳмадзода таъкид кард, ки дар натиҷаи гуфтушунид ва мулоқоту музокирот бо доираҳои соҳибкории Туркия ҷалби сармоя ҳамкорӣ тақвият ёфта, соҳибкорони турк дар амалисозии тарҳҳои муштарак, аз ҷумла фаъол намудани фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ саҳм гузошта истодаанд.
Қайд карда шуд, ки дар соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Туркия 100 миллион долларро ташкил дода, соли ҷорӣ низ нишондиҳандаҳо беҳтар гардида истодааст.
Дар ҳамин ҳол, ноиби Президенти Агентии туркӣ дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ин мулоқот аз кӯмакҳои ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Туркия изҳори сипос кард, омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои нав изҳор дошт.
"Агентӣ то имрӯз дар бахшҳои маорифу тандурустӣ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ намуда, дар оянда низ тамим дорад дар рушди соҳаҳои зикршуда саҳмгузорӣ намояд”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон зимни мулоқт тарафҳо дурнамои ҳамкории мақомоти вилоят ва Агентии туркиро баррасӣ намуданд.