Путин Раҳмон ва дигар раҳбарони кишварҳои хориҷи наздикро ба Рӯзи Ғалаба табрик кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Росси Владимир Путин
Президент Росси Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Путин изҳори умедворӣ кард, ки мероси маънавии Рӯзи Ғалаба ба таҳким ва рушди муносибатҳо байни халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони аксари кишварҳои ҳамсоя номаи табрикотӣ ирсол кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар номааш ба онҳое, ки дар майдонҳои набард ва заҳмати фидокоронаашон дар ақибгоҳ имкони дифоъ аз озодии Ватанро фароҳам кардаанд, арҷгузорӣ кард.
"Имрӯз вазифаи маънавии мо аз он иборат аст, ки анъанаҳои дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарии падарону бобоёнамонро муқаддас нигоҳ дорем, ба таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин сафедкунии фашистон, шарикони ва ворисони хозираи идеологии онҳо роҳ надиҳем”, - гуфт президент.
Раҳбари Русия изҳори умедворӣ кард, ки мероси маънавии Рӯзи Ғалаба ба таҳким ва рушди босамари равобити кишварҳо ва мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат хоҳад кард.
Президент РФ В. Путин и премьер-министр РФ М. Мишустин на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
Вай ба ҳамаи куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ суханони миннатдории самимӣ расонда, ба онхо саломатии бардавом, руҳи хуш, хонаободӣ ва умри дароз орзӯ намуд.
Қаблан Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба таҷлили чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват карда буд.
Даъвати раҳбари Русия дар чаҳорчӯби гуфтугӯи телефонии президентҳо сурат гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0