https://sputnik.tj/20230505/putin-rahmonro-tajlili-ruzi-ghalaba-maskav-davat-1056912511.html
Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ бо кишвардори Тоҷикистон ӯро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард
2023-05-05T15:29+0500
2023-05-05T15:29+0500
2023-05-07T12:20+0500
дар тоҷикистон
русия
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
даъват
ҷашни рӯзи ғалаба
маскав
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_0:0:3059:1722_1920x0_80_0_0_69b952ceca09de8764548cef9021d95f.jpg
ДУШАНБЕ, 5мая — Sputnik. Суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Иттилоъ дода шудааст, ки сарони ду давлат ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.Ҳамзамон зимни суҳбат роҳбарони ду кишвар тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.“Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд”. - таъкид кардааст манбаъ.Инчунин сарони ду давлат дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор карда, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли равон муҳокима намуданд.Таъкид гардидааст, ки зимни суҳбат Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар пойтахти Русия ба шаҳри Москва даъват кард.
https://sputnik.tj/20230216/hamdardem-putin-rahmon-barqiyai-tasliyat-irsol-1054991974.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1f9e72f8c41ad2f3e1f8b4726bd23101.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маскав, таҷлил, рӯзи ғалаба, даъват, суҳбати телефонӣ эмомалӣ раҳмон, владимир путин
тоҷикистон, маскав, таҷлил, рӯзи ғалаба, даъват, суҳбати телефонӣ эмомалӣ раҳмон, владимир путин
Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
15:29 05.05.2023 (Навсозишуда: 12:20 07.05.2023) Раисҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ бо кишвардори Тоҷикистон ӯро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард
ДУШАНБЕ, 5мая — Sputnik. Суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Иттилоъ дода шудааст, ки сарони ду давлат ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Ҳамзамон зимни суҳбат роҳбарони ду кишвар тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.
“Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд”. - таъкид кардааст манбаъ.
Инчунин сарони ду давлат дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор карда, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли равон муҳокима намуданд.
Таъкид гардидааст, ки зимни суҳбат Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар пойтахти Русия ба шаҳри Москва даъват кард.