Мирзиёев дар бораи интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ элон кард

© Пресс-служба президента УзбекистанаМирзиеев с семьей проголосовали за новую Конституцию в Узбекистане
Мирзиеев с семьей проголосовали за новую Конституцию в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Бо Фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати Президентии Ӯзбекистон рӯзи 9 июли соли 2023 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ фармони дахлдор имзо кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар.
"Тибқи ваколатҳое, ки дар моддаи 128-и Конститутсияи нав ба президенти кишвар дода шудааст, ман Фармони дуюми муҳимро ба имзо расонидам. Тибқи он, интихоботи президентӣ дар кишвари мо пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад", - гуфт Мирзиёев.
Қаблан ӯ қонуни конститутсионӣ дар бораи имкони интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлатро имзо карда буд.
Тавре раисиҷумҳури гуфтааст, ин тасмим ба ислоҳоти тамоми шохаҳои ҳукумат, ки дар пайи ислоҳи Қонуни асосӣ сурат гирифтааст, иртибот дорад. Ба гуфтаи вай қонуни тағйирёфта, дар назди давлат ва мақомоти роҳбарикунанда вазифаҳои нави таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегузорад.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Мирзиёев метавонад барои давраи сеюм президент интихоб шавад
"Халқи мо аз мо тағйироту ислоҳот дар ҳама соҳаҳо хеле муҳим ва таъхирнопазирро интизор аст", - афзуд Мирзиёев.
Ин нахустин интихоботи президентӣ пас аз ворид шудани тағйирот ба Қонуни асосӣ бо тамдиди мӯҳлати ваколати раҳбари кишвар аз 5 ба 7 сол хоҳад буд.
Тибқи қонуни конститутсионӣ, раисиҷумҳури феълӣ, ки бори дуввум аст интихоб шудааст, метавонад дубора дар интихобот иштирок намояд.
Лентаи хабарҳо
0