Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад

© пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаРахмон в аэропорту Астаны
Рахмон в аэропорту Астаны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон ва президентҳои кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ҳамоиши "Чин ва Осиёи Марказӣ" ба шаҳри Сиани Чин мераванд
ДУШАНБЕ, 8 МАЙ — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ озими Чин мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории Синхуа дар истинод ба вазорати хориҷаи ин кишвар.
Ба гуфтаи намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
"Бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳурони Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, аз 16 то 20 май бо як сафари давлатӣ вориди Чин хоҳанд шуд", — гуфт намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин.
Тавре дар манбаъ зикр кардааст, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтоёни ӯ барои ширкат дар ҳамоиши "Чин-Осиёи Марказӣ" вориди шаҳри Сиани Чин мешаванд.
Министр иностранных дел Китая Цинь Ган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, барои мубориза бо инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд
Ин нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Қаблан Раҳмон бо як сафари давлатӣ ба Қазоқистон сафар карда буд.
Дар рӯзҳои сафар мулоқоту гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ: бо раҳбари кишвари мизбон ва намояндагони воломақоми он сурат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0