https://sputnik.tj/20230507/vada-raqib-asosi-erdughon-ikhroj-panohjuyon-afghon-1056951918.html
Ваъдаи рақиби асосии Эрдуғон барои ихроҷи паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон
Ваъдаи рақиби асосии Эрдуғон барои ихроҷи паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамоиш ба тарафдории рақиби асосии президенти феълии Туркия, раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара баромад карданд
2023-05-07T12:15+0500
2023-05-07T12:15+0500
2023-05-07T12:15+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
туркия
интихобот
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/24/1031032462_0:275:2664:1774_1920x0_80_0_0_1bb7b37ae393ece908bc4d2ce731118a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Туркия аз ҳафт ҳизби мухолиф, Камол Қиличдароғлу, дар густурдатарин гирдиҳамоии маъракаи интихоботӣ дар Истанбул, аз нияти ихроҷи тамоми паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон хабар дод. Ба иттилои РИА "Новости", ӯ зимни ҳамоиши ҷонибдоронаш таъкид кард, ки ин корро дар тӯли ҳадди аксар ду сол анҷом хоҳад дод. Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдории номзади мухолифин дар қисмати осиёии шаҳр давоми се соат баргузор шуда, теъдоде аз роҳҳо баста шуда буд. Дар баробари худи Қиличдароғлу, ки тақрибан 15 дақиқа суханронӣ кард, номзадҳо ба мақоми ноиби президент – раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара суханронӣ карданд. "Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки ҳадди аксар дар ду сол мо ҳамаи бародарони суриягӣ ва афғони худро аз Туркия ба ватанашон мефиристем", - изҳор доштаст ӯ. Шаҳрдори Истанбул аз ҷамъомадагон даъват кардааст, ки корзори интихоботиро ба даври дуюм нагузоранду дар даври аввал "корро иҷро кунанд". Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғонро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро.Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.
https://sputnik.tj/20230502/erdughon-nomzad-mukholifin-pazhuhish-peshazintikhoboti-1056817618.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/24/1031032462_0:25:2664:2023_1920x0_80_0_0_c1c433a52f5a827d6cd00609ab55783f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
номзад, президент, туркия, мухолифин, ваъда
номзад, президент, туркия, мухолифин, ваъда
Ваъдаи рақиби асосии Эрдуғон барои ихроҷи паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон
Дар ҳамоиш ба тарафдории рақиби асосии президенти феълии Туркия, раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара баромад карданд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Туркия аз ҳафт ҳизби мухолиф, Камол Қиличдароғлу, дар густурдатарин гирдиҳамоии маъракаи интихоботӣ дар Истанбул, аз нияти ихроҷи тамоми паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон хабар дод.
Ба иттилои РИА "Новости", ӯ зимни ҳамоиши ҷонибдоронаш таъкид кард, ки ин корро дар тӯли ҳадди аксар ду сол анҷом хоҳад дод.
Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдории номзади мухолифин дар қисмати осиёии шаҳр давоми се соат баргузор шуда, теъдоде аз роҳҳо баста шуда буд. Дар баробари худи Қиличдароғлу, ки тақрибан 15 дақиқа суханронӣ кард, номзадҳо ба мақоми ноиби президент – раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара суханронӣ карданд.
"Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки ҳадди аксар дар ду сол мо ҳамаи бародарони суриягӣ ва афғони худро аз Туркия ба ватанашон мефиристем", - изҳор доштаст ӯ.
Шаҳрдори Истанбул аз ҷамъомадагон даъват кардааст, ки корзори интихоботиро ба даври дуюм нагузоранду дар даври аввал "корро иҷро кунанд".
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғонро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро.
Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.