Тасвирбаёни ёдгориҳои ҶБВ дар Душанбе

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон чун дар бисёре аз нуқоти дигари кишварҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ солгарди Ғалаба дар ҶБВ-ро бо чорабиниҳои мухталиф таҷлил мекунанд
Хотираи Ғалаба дар ҶБВ на танҳо дар зеҳнҳо балки дар муҷассамаҳо, лавҳаҳо ва боғу майдонҳо нақш бастааст.
Лавҳаҳои ёдгорӣ ҳамчунин дар собиқ беморхонаҳои низомии солҳои ҶБВ, ки теъдодашон ба даҳҳо адад мерасид, насб гардидаанд.
Тоҷикистониён соли равон баробари дигар халқҳои собиқ шӯравӣ 78-умин солгарди пирӯзӣ бар нозиҳоро таҷлил мекунанд. Ёдгориҳои қаҳрамониҳои он замон ва шаҳидони роҳи дифоъ аз Ватан имрӯз низ дар саросари Тоҷикистон зиёд аст.
Аввалин рӯзи “Ҳафтаи ёдбуд” дар Душанбе: аз лентаи георг то оромгоҳҳо
Саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба, чӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам дар ақибгоҳ бузург арзёбӣ мешавад.
Аз ин ҷумҳурӣ, ки он замон ҳамагӣ ҳудуди 1,5 млн нафар аҳолӣ дошт, наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба фронт фиристод, ки наздик ба 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон доданд. Бар асоси омори нашргардида, аз ҷумла дар он замонҳои мушкил тоҷикистониён ба фронт 650 ҳазор тонна ғалладона, 178 ҳазор тонна нахи пахта, ҳазорҳо мошин фиристод ва ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ зиёда аз 1 млрд рубли шӯравиро интиқол дод.
Лентаи хабарҳо
0