https://sputnik.tj/20230505/chini-khujand-niz-durbin-nazorat-nasb-1056917917.html
Тарҳи 25-млн долларӣ: Ширкати чинӣ дар Хуҷанд низ дурбинҳои назоратӣ насб мекунад
Тарҳи 25-млн долларӣ: Ширкати чинӣ дар Хуҷанд низ дурбинҳои назоратӣ насб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Масъалаи татбиқи тарҳи "Шаҳри бехатар" дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
2023-05-05T17:10+0500
2023-05-05T17:10+0500
2023-05-05T17:10+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ширкат
чинӣ
камера
назорат
дастгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/36/1022623682_0:115:1363:882_1920x0_80_0_0_f4050b41dea0b84cf593b30a968d5e4c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Дар нақша аст, ки дар маркази вилояти Суғд тарҳи технологии "Шаҳри бехатар" амалӣ карда шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон Ли Ян баррасӣ шуд. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.Масъалаи воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтаст. Ҳукумати Суғд зикр намудаст, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба "Шаҳри бехатар" дорои таҷрибаи калон мебошад. Яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гуфта шудааст, ки тайи солҳои охир фаъолият дошта, самаранокии он мусбат арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230329/dah-durbin-tartibot-khorugh-nazorat-1055839271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/36/1022623682_0:0:1363:1023_1920x0_80_0_0_8b0848e7c00956c9f8461bff546d623e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, шаҳр, бехатар, татбиқ, тарҳ, суғд
хуҷанд, шаҳр, бехатар, татбиқ, тарҳ, суғд
Тарҳи 25-млн долларӣ: Ширкати чинӣ дар Хуҷанд низ дурбинҳои назоратӣ насб мекунад
Масъалаи татбиқи тарҳи "Шаҳри бехатар" дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Дар нақша аст, ки дар маркази вилояти Суғд тарҳи технологии "Шаҳри бехатар" амалӣ карда шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон Ли Ян баррасӣ шуд.
"Тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба маблағи 25 млн доллар амалӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Масъалаи воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтаст.
Ҳукумати Суғд зикр намудаст, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба "Шаҳри бехатар" дорои таҷрибаи калон мебошад.
Яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гуфта шудааст, ки тайи солҳои охир фаъолият дошта, самаранокии он мусбат арзёбӣ мешавад.