Таҳлилгарони Чин ҳадафи ҳамлаи Киев ба Кремлро тавзеҳ доданд

© Sputnik / Валерий Шустов / Гузариш ба медиабонкКремл. Акс аз бойгонӣ
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Обуна шудан
Таҳлилгарони Чин бар ин назаранд, ки ҳадафи Киев на аз байн бурдани кишвардори Русия, балки халалдор кардани эътимоди мардум ва нишон додани қувваи худ буд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ҳадаф аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба Кремл намоишинерӯ ва инчунин халалдор кардани паради дарпешистодаи Рӯзи Ғалаба аст, тавзеҳ доданд таҳлилгарони Чин ба расонаҳо маҳаллӣ.
Қаблан дафтари матбуоти Кремл гуфт, ки режими Киев шаби 3 май кӯшиш намуданд бо ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи Путин зарба зананд, вале муваффақ нашуданд. Ин ҳодиса дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
Зимнан, Дмитрий Песков ба "РИА Новости" хабар дод, ки замони ҳамлаи Киев кишвардори Русия дар Кремл қарор надошт.
"Ба андешаи ман, ҳадафи аслии ин амал анҷом додани бомуваффақияти куштор набуд, ин чандон муҳим нест. Ҳадаф боиси такон додан, халалдор сохтани паради дарпешистода дар Майдони Сурх дар Рӯзи ғалаба буд. Бо ин нишон доданд ки Маскав аз майдони набард дур нест", - навиштааст Ҳу Си Ҷин, сардабири собиқи рӯзномаи Global Times.
Ба гуфтаи вай, аз замони оғози низоъ, Русия ба инфрасохтори муҳими Украина ва марказҳои фармондеҳии Украина зарбаҳо мезанад, аммо ҳеҷ гоҳ ба дафтари Зеленский ҳамлаҳои ҳавоӣ накардааст.
"Ҳоло таваҷҷӯҳ бояд ба он равона карда шавад, ки ҷониби Русия ба дафтари Зеленский зарба мезанад ё не", - суол гузоштааст таҳлилгар.
Ба эътиқоди ӯ, ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Кремл эҳтимол мавҷи нави хунрезиро ба вуҷуд орад.
"Ин ҳамла ба Кремл як сигнали хеле бад аст, ки баъзе хатҳои сурх шикастаанд ва ҳатто як силсила ҷангҳои хунин оғоз шудаанд", - изҳор доштааст муовини сармуҳаррири маҷаллаи Global -и агентии Синхуа Лю Хонг.
XVII Съезд Российского союза промышленников и предпринимателей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Кремл: Киев ба ҷони Путин суиқасд кард
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, ҳарчанд ақидаи расмии ҷониби Русия ин аст, ки Украина кӯшиши сӯиқасд ба ҷони Путинро анҷом додааст, аммо эҳтимоли чунин сӯиқасд хеле кам аст.
"Ин бештар як намоиши нерӯ, қобилияти ҳамла ба Кремл, халалдор кардани паради Рӯзи ғалаба аст ва ин ҳамзамон зарбаи сахт ба эътимоди мардуми Русия аст", - мегӯяд таҳлилгар.
Муаллифи матлаб мӯътақид аст, ки ҳарчанд ҷониби Украина эътироф намекунад, ки таркишҳоро дар қаламрави Русия анҷом додааст, аммо дар оянда инфиҷор бештар хоҳад шуд ва ин ҳамла ба Кремл албатта охирин нахоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0