Кремл: Киев ба ҷони Путин суиқасд кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкXVII Съезд Российского союза промышленников и предпринимателей
XVII Съезд Российского союза промышленников и предпринимателей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Обуна шудан
Киев шаби чаҳоршанбе кӯшиш кард, ки бо ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи кишвардори Русия дар Кремл зарба занад, вале тирашон хок хӯрд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ кӯшиш карданд, ки шабона ба қароргоҳи Кремли Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамла кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ду ҳавопаймои бесарнишин, ки самти қароргоҳи президент дар Кремл ҳаракат доштанд, аз сӯи низомиён ва хадамоти махсус, ки аз системаҳои радарӣ истифода мекарданд, аз кор мононда шуданд.
Зикр гардид, ки бар асари ҳамлаи Киев талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0