Дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон беш аз 40 созишнома ба имзо расид

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Обуна шудан
Тоҷирони ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва металлургия ва кишоварзӣ қарордодҳои дарозмуддат ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар пайи натоиҷи ҳамоиши соҳибкорон дар Остона 40 санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гуфтаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳаҷми фаъолиятҳои муштарак беш аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкориҳои саноатӣ ва бахши хизматрасонӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон санадҳо ба имзо расид.
Дар ҷараёни ин ҳамоиш ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла МОИ "Кӯлоб", ки Қазоқистон қасд дорад дар онҳо сармоягузорӣ кунад, корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис диҳанд.
Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Мулоқоти рӯзи дуввуми Раҳмону Тоқаев оғоз ёфт
Инчунин, дар соҳаи саноати маъдану металлургӣ ва мубодилаи мол созишномаҳои дарозмуддат ба имзо расонида шуданд.
Илова бар ин, миёни кишварҳо дар бораи бунёди марказҳои яклухтфурӯшӣ созишнома ба имзо расид, ки интиқоли меваю сабзавотро, ки дар Қазоқистон талабот доранд, афзоиш медиҳад.
Ҳамчунин дар форуми соҳибкорон тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати ҳавоӣ миёни Душанбе ва Остона аз сар гирифта шавад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2022 қариб 20% афзуда, қариб 1,5 миллиард долларро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0