https://sputnik.tj/20230504/poyoni-safari-rahmon-qazoqiston-1056892561.html
Поёни сафари Раҳмон ба Қазоқистон
Поёни сафари Раҳмон ба Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз анҷоми сафари ду рӯзаи самаранок ба шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистонро шахсан дар фурудгоҳи “Нурсултон Назарбоев” раисҷумҳури Қазоқистон гусел кард
2023-05-04T21:00+0500
2023-05-04T21:00+0500
2023-05-04T21:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
анҷом
остона
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056892049_0:70:1280:790_1920x0_80_0_0_6ea00473154d6039d56e95a0180c7254.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон, ки ду рӯз давом кард, ба анҷом расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, вохӯрии кишвардори Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар, Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар маҷмуъ беш аз 60 санади нав ба имзо расид.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки барои татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 2,6 миллиард доллари америкоӣ дар назар аст.Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони баланди эҳтиром ва самимият президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гусел кард.Нимаи дуюми рӯзи 4 май Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргашт.Ин дар ҳолест, ки пеш аз баргашт ба Ватан раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот кард.Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия, муҳокима карданд.“Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзур кардани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20230504/imzoi-prezidentho-sanadi-tarikhi-rahmon-toqaev-1056889649.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056892049_68:0:1213:859_1920x0_80_0_0_3b4017bd28bc2358ce6118d25cf8f4f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, сафар, анҷом, эмомалӣ раҳмон, гусел
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, сафар, анҷом, эмомалӣ раҳмон, гусел
Поёни сафари Раҳмон ба Қазоқистон
Пас аз анҷоми сафари ду рӯзаи самаранок ба шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистонро шахсан дар фурудгоҳи “Нурсултон Назарбоев” раисҷумҳури Қазоқистон гусел кард
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон, ки ду рӯз давом кард, ба анҷом расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, вохӯрии кишвардори Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар, Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар маҷмуъ беш аз 60 санади нав ба имзо расид.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки барои татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 2,6 миллиард доллари америкоӣ дар назар аст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони баланди эҳтиром ва самимият президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гусел кард.
Нимаи дуюми рӯзи 4 май Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргашт.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз баргашт ба Ватан раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия, муҳокима карданд.
“Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзур кардани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.