https://sputnik.tj/20230504/muloqot-rahmon-toqaev-oghoz-1056868769.html
Мулоқоти рӯзи дуввуми Раҳмону Тоқаев оғоз ёфт
Мулоқоти рӯзи дуввуми Раҳмону Тоқаев оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми дидору гуфтуги кишвардори Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расидани як қатор санадҳо дар назар аст
2023-05-04T10:50+0500
2023-05-04T10:50+0500
2023-05-04T11:10+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_33ab277ea6cdaa08261e22de8ce1c61d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар қароргоҳи кишвардори Қазоқистон мулоқоти рӯзи дуввуми Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев оғоз ёфт.Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, пас аз анҷоми дидору гуфтугӯ ба имзо расидани як зумра аснод дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯзаи давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Он бо даъвати ҳамтои қазоқаш баргузор шуда, то 4 май идома хоҳад кард. Интизор меравад, ки президентҳо дурнамои нави ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кунанд.Маврид ба зикр аст, ки дар пешорӯи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар он кишвар форуми тиҷоратии ду давлат баргузор гардид.Дар доираи форуми мазкур аллакай беш аз 30 шартнома ба маблағи 1,8 млрд доллар ба имзо расидааст. Ҳуҷҷатҳои кооператсия таъсиси корхонаҳои муштарак, кооператсияи саноатӣ ва шарикӣ дар соҳаи хизматрасониро дар назар доранд.
https://sputnik.tj/20230504/tojikiston-shirkat-qazoqiston-shirkat-istikhroj-angisht-davat-1056867231.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_db7dd9cf82e02903926f2b47c46cdaae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон тоҷикистон эмомалӣ раҳмон қосимҷомарт тоқаев
қазоқистон тоҷикистон эмомалӣ раҳмон қосимҷомарт тоқаев
Мулоқоти рӯзи дуввуми Раҳмону Тоқаев оғоз ёфт
10:50 04.05.2023 (Навсозишуда: 11:10 04.05.2023) Гуфта мешавад, пас аз анҷоми дидору гуфтуги кишвардори Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расидани як қатор санадҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар қароргоҳи кишвардори Қазоқистон мулоқоти рӯзи дуввуми Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев оғоз ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, пас аз анҷоми дидору гуфтугӯ ба имзо расидани як зумра аснод дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯзаи давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Он бо даъвати ҳамтои қазоқаш баргузор шуда, то 4 май идома хоҳад кард.
Интизор меравад, ки президентҳо дурнамои нави ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пешорӯи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар он кишвар форуми тиҷоратии ду давлат баргузор гардид.
Дар доираи форуми мазкур аллакай беш аз 30 шартнома ба маблағи 1,8 млрд доллар ба имзо расидааст. Ҳуҷҷатҳои кооператсия таъсиси корхонаҳои муштарак, кооператсияи саноатӣ ва шарикӣ дар соҳаи хизматрасониро дар назар доранд.