https://sputnik.tj/20230415/rusiya-nizomi-yagona-monitoring-muhojiron-rohandozi-1056476950.html
Қарор аст дар Русия низоми ягона мониторинги муҳоҷиронро роҳандозӣ намоянд
Қарор аст дар Русия низоми ягона мониторинги муҳоҷиронро роҳандозӣ намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, қисми асосии хидматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври маҷозӣ роҳандозӣ шавад
2023-04-15T16:25+0500
2023-04-15T16:25+0500
2023-04-15T16:25+0500
дар тоҷикистон
русия
мониторинг
муҳоҷират
қабулгоҳи маҷозӣ
роҳандозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102102/52/1021025218_0:151:3107:1898_1920x0_80_0_0_325067a87d32086dc82a0210a5b5ae52.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ба таври озмоишӣ низоми ягонаи мониторинг ва сабти маълумот дар бахши муҳоҷиратро роҳандозӣ намояд.Мақомот ният доранд, ки ин лоиҳаро ба таври озмоишӣ дар соли 2023 роҳандозӣ намоянд, иттилоъ додааст Вазорати рушди иқтисоди Русия.Ҳамзамон, дар назар аст, ки қисми асосии хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ рақамӣ карда шавад. Ҳамчунин дар бораи таъсиси марказҳои пеш аз муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаҳо ба имзо расонанд.Илова бар ин, тибқи маводи Вазорати рушди иқтисод, мақомот ният доранд, ки дар соли ҷорӣ методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатии хориҷиро таҳия намояд ва инчунин Консепсияи сиёсати давлатӣ дар умури муҳоҷират то соли 2025-ро навсозӣ кунанд.Қаблан коршиносони Мактаби олии иқтисод шумори муҳоҷироне, ки ба иқтисоди Русия лозим аст, ҳисоб карда буданд.Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфта, ки мақомоти вилоятҳои кишвараш ва мақомтҳои маҳаллӣ бояд бевосита дар кори мутобиқ кардани муҳоҷирон ба зиндагӣ дар Русия ҷалб карда шаванд.
https://sputnik.tj/20230413/rusiya-guft-muhojiri-mehnati-niyoz-dorad-1056440645.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102102/52/1021025218_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_83a11d27d77d2c9ad8a5989bec4f5b9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, маҷозӣ, онлайнӣ, мониторинг, назорат
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, маҷозӣ, онлайнӣ, мониторинг, назорат
Қарор аст дар Русия низоми ягона мониторинги муҳоҷиронро роҳандозӣ намоянд
Қарор аст, қисми асосии хидматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври маҷозӣ роҳандозӣ шавад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ба таври озмоишӣ низоми ягонаи мониторинг ва сабти маълумот дар бахши муҳоҷиратро роҳандозӣ намояд.
Мақомот ният доранд, ки ин лоиҳаро ба таври озмоишӣ дар соли 2023 роҳандозӣ намоянд, иттилоъ додааст Вазорати рушди иқтисоди Русия.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки қисми асосии хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ рақамӣ карда шавад. Ҳамчунин дар бораи таъсиси марказҳои пеш аз муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаҳо ба имзо расонанд.
Илова бар ин, тибқи маводи Вазорати рушди иқтисод, мақомот ният доранд, ки дар соли ҷорӣ методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатии хориҷиро таҳия намояд ва инчунин Консепсияи сиёсати давлатӣ дар умури муҳоҷират то соли 2025-ро навсозӣ кунанд.
Қаблан коршиносони Мактаби олии иқтисод шумори муҳоҷироне, ки ба иқтисоди Русия лозим аст, ҳисоб карда буданд.
Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфта, ки мақомоти вилоятҳои кишвараш ва мақомтҳои маҳаллӣ бояд бевосита дар кори мутобиқ кардани муҳоҷирон ба зиндагӣ дар Русия ҷалб карда шаванд.