https://sputnik.tj/20230503/tojikiston-giriftori-bemori-sil-kohish-yoft-1056848039.html
Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил коҳиш ёфт
Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди умумии гирифторон дар кишвар каме афзоиш ёфтааст, аммо аз рӯи нишондодҳо дар солҳои охир коҳиши сатҳи гирифторшавӣ ба мушоҳида мерасад
2023-05-03T15:58+0500
2023-05-03T15:58+0500
2023-05-03T16:00+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
сил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050670509_0:51:2048:1203_1920x0_80_0_0_9d723d2eef2c41491988b7ae5ce7818c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Теъдоди беморони сил дар Тоҷикистон коҳиш меёбад. Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4418 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 3925 нафарашон бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дигарон дубора бемор шуданд. Ин оморро директори Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи бемории сил Рустам Нуров ироа кард."Аҳолии ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 10 млн нафарро ташкил медиҳад. Ва агар шумораи умумии гирифторон каме зиёд шуда бошад, пас дар солҳои охир коҳиши мизони беморӣ мушоҳида мешавад", - тавзеҳ дод ӯ. Номбурда қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ, ки қаблан гирифторони бемории сил зиёд ба қайд гирифта шуда буд, вазъ хеле беҳтар шудааст. Сатҳи беморӣ нисбат ба соли гузашта хеле коҳиш ёфтааст ва ҳоло ноҳия аз рӯи сатҳи сироятёбӣ дар ҷои 27-ум аст. Нуров гуфт, бемории сил дар зиндонҳо низ коҳиш ёфтааст. Ба муассисаҳои ислоҳӣ таҷҳизоти нави замонавӣ ворид гардида, дар он ҷо таҷҳизоти сайёри рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ пайдо шуда, бо кумаки он муоинаи байни маҳкумшудагон гузаронида шудааст. Қарор аст, барои солҳои 2024-2026 аз ҳисоби маблағҳои грантӣ барои мубориза бо бемории сил беш аз 10 млн доллар ҷалб карда шавад.
https://sputnik.tj/20230317/khujand-bemori-khatarnok-tashkhisi-sayyor-1055600600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050670509_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_cc0d1080574b4be4b39f3db4c6a687eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон бемории сил коҳиш
тоҷикистон бемории сил коҳиш
Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил коҳиш ёфт
15:58 03.05.2023 (Навсозишуда: 16:00 03.05.2023) Теъдоди умумии гирифторон дар кишвар каме афзоиш ёфтааст, аммо аз рӯи нишондодҳо дар солҳои охир коҳиши сатҳи гирифторшавӣ ба мушоҳида мерасад
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Теъдоди беморони сил дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4418 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 3925 нафарашон бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дигарон дубора бемор шуданд.
Ин оморро директори Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи бемории сил Рустам Нуров ироа кард.
"Аҳолии ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 10 млн нафарро ташкил медиҳад. Ва агар шумораи умумии гирифторон каме зиёд шуда бошад, пас дар солҳои охир коҳиши мизони беморӣ мушоҳида мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.
Номбурда қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ, ки қаблан гирифторони бемории сил зиёд ба қайд гирифта шуда буд, вазъ хеле беҳтар шудааст. Сатҳи беморӣ нисбат ба соли гузашта хеле коҳиш ёфтааст ва ҳоло ноҳия аз рӯи сатҳи сироятёбӣ дар ҷои 27-ум аст.
Нуров гуфт, бемории сил дар зиндонҳо низ коҳиш ёфтааст. Ба муассисаҳои ислоҳӣ таҷҳизоти нави замонавӣ ворид гардида, дар он ҷо таҷҳизоти сайёри рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ пайдо шуда, бо кумаки он муоинаи байни маҳкумшудагон гузаронида шудааст.
"Дар як соли охир аз миёни маҳбусон 72 нафар беморон ошкор карда шуданд", - гуфт Нуров.
Қарор аст, барои солҳои 2024-2026 аз ҳисоби маблағҳои грантӣ барои мубориза бо бемории сил беш аз 10 млн доллар ҷалб карда шавад.