https://sputnik.tj/20230317/khujand-bemori-khatarnok-tashkhisi-sayyor-1055600600.html
Дар Хуҷанд алайҳи бемории хатарнок ташхиси сайёр ташкил карданд – акс
Дар Хуҷанд алайҳи бемории хатарнок ташхиси сайёр ташкил карданд – акс
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз ташхиси сайёри сокинони шаҳри Хуҷанд дарёфт ва пешгирии саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ гуфта мешавад
2023-03-17T20:10+0500
2023-03-17T20:10+0500
2023-03-24T16:28+0500
дар тоҷикистон
суғд
ташхис
сокинон
тандурустӣ
сил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/11/1055600437_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_613ba75f6f707ce162a446947ae3bda9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Масъулони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд дар регистони бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд, яке аз маконҳои серодами шимоли Тоҷикистон дастгоҳи рентгени сайёр насб карданд.Ин кор дар доираи чорабиниҳои бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил роҳандозӣ шуда табибони силшинос ҳадаф аз онро поксозии ҷомеа аз сирояти ин бемории хатарнок арзёбӣ карданд.Аслибек Зиёев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки барои ташхис навбат меистод гуфт, ки барои аввал аст, ки вазъи саломатии худро дар чунин як маъракаи озод ташхис мекунад.Ҳайдар Абдуллоев, муовини директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарёфти бемории сил имкон медиҳад, ки он саривақт табобат шавад ва атрофиён аз сироятёбӣ эмин гарданд.Бар пояи маълуоти Идораи тандурустии Суғд, давоми соли 2022 дар ҳудуди ин вилоят 774 мавриди гирифторшавӣ ба бемории сил сабт шудааст. Аз ин теъдод 82 ҳолат шакли мутобиқгаштаи сил ва дар 692 маврид бемории шакли ҳассос маълум шудааст.Бино ба сабаби хуруҷи бемориҳои ҳамрадиф соли гузашта 14 ҳолати фавт аз шумори сироятшудагони бемории сил сабт шудааст.Ба гуфтаи табибон, зимнан дар маркази диспансерии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд 300 нафар ба қайд қарор доранд.Бино ба омори табибон алҳол Панҷакент, Зафаробод, Мастчоҳ аз зумраи шаҳру ноҳияҳои осебпазир аз сирояти бемории сил гуфта мешаванд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил барои сокинон ройгон буда, харҷи он аз ҳисоби буҷҷаи кишвар пардохт мешавад.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/11/1055600437_146:0:1106:720_1920x0_80_0_0_9c6f4e2df2e78aabd4abdf2bbf0e6253.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ташхис, хуҷанд, суғд, сил, тандурустӣ, беморӣ, хатарнок
тоҷикистон, ташхис, хуҷанд, суғд, сил, тандурустӣ, беморӣ, хатарнок
Дар Хуҷанд алайҳи бемории хатарнок ташхиси сайёр ташкил карданд – акс
20:10 17.03.2023 (Навсозишуда: 16:28 24.03.2023) Эксклюзив
Ҳадаф аз ташхиси сайёри сокинони шаҳри Хуҷанд дарёфт ва пешгирии саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Масъулони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд дар регистони бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд, яке аз маконҳои серодами шимоли Тоҷикистон дастгоҳи рентгени сайёр насб карданд.
Ин кор дар доираи чорабиниҳои бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил роҳандозӣ шуда табибони силшинос ҳадаф аз онро поксозии ҷомеа аз сирояти ин бемории хатарнок арзёбӣ карданд.
Аслибек Зиёев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки барои ташхис навбат меистод гуфт, ки барои аввал аст, ки вазъи саломатии худро дар чунин як маъракаи озод ташхис мекунад.
“Даъват мекунам, ки мардум на бояд аз беморӣ ҳаросанд. Сил – бемории табобатшаванда ва аз ташхис гузаштани мо боз ҳам ба манфияти худи мост” – зикр кард, сокини Хуҷанд.
Ҳайдар Абдуллоев, муовини директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарёфти бемории сил имкон медиҳад, ки он саривақт табобат шавад ва атрофиён аз сироятёбӣ эмин гарданд.
“Таҷҳизоти рентгенӣ, ки феълан дар ихтиёри мо аст, имкон дорад дар муддати кутоҳ оид ба вазъи саломатии ташхисшавандагонро оид ба зуҳуроти бемории сил дар муддати хеле кӯтоҳ то се дақиқа муайян мекунад” – афзуд, табиби силшинос.
Бар пояи маълуоти Идораи тандурустии Суғд, давоми соли 2022 дар ҳудуди ин вилоят 774 мавриди гирифторшавӣ ба бемории сил сабт шудааст. Аз ин теъдод 82 ҳолат шакли мутобиқгаштаи сил ва дар 692 маврид бемории шакли ҳассос маълум шудааст.
Бино ба сабаби хуруҷи бемориҳои ҳамрадиф соли гузашта 14 ҳолати фавт аз шумори сироятшудагони бемории сил сабт шудааст.
Ба гуфтаи табибон, зимнан дар маркази диспансерии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд 300 нафар ба қайд қарор доранд.
Бино ба омори табибон алҳол Панҷакент, Зафаробод, Мастчоҳ аз зумраи шаҳру ноҳияҳои осебпазир аз сирояти бемории сил гуфта мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил барои сокинон ройгон буда, харҷи он аз ҳисоби буҷҷаи кишвар пардохт мешавад.