https://sputnik.tj/20230425/zamoni-safar-emomali-rahmon-qazoqiston-1056686177.html
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон маълум шуд
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати ин боздид дар сатҳи олӣ бизнес-форум ба нақша гирифта шудааст, ки дар он намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ ширкат хоҳанд кард
2023-04-25T20:50+0500
2023-04-25T20:50+0500
2023-04-25T20:50+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қазоқистон
боздид
эмомалӣ раҳмон
форум
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052471905_0:50:2049:1202_1920x0_80_0_0_6664f6c98ddfbe57d794a382a95feaab.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рӯзи 3 май дар назар аст. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад."Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд", - омадааст дар иттилоия. Ҳадафи баргузории форуми мазкур пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад.Инчунин дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати "Соҳибкор бо соҳибкор" - B2B ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир мешавад. Аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст, афзуд манбаъ. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу барномаи сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ намуда буданд. Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, қисмати бештари воридоти орду гандум, гази моеъ ва бархе маҳсулоти дигари ниёзи аввал маҳз ба ин кишвар рост меояд.
https://sputnik.tj/20230414/sirojiddin-muhriddin-vazir-tozatain-qazoqiston-muloqot-1056442943.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052471905_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_2773aa62a446a0d76a0507ba0484b41c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, қазоқистон, эмомалӣ раҳмон, сафар
президент, тоҷикистон, қазоқистон, эмомалӣ раҳмон, сафар
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон маълум шуд
Ба муносибати ин боздид дар сатҳи олӣ бизнес-форум ба нақша гирифта шудааст, ки дар он намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рӯзи 3 май дар назар аст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.
"Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳадафи баргузории форуми мазкур пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад.
Инчунин дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати "Соҳибкор бо соҳибкор" - B2B ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир мешавад.
Аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст, афзуд манбаъ.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу барномаи сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, қисмати бештари воридоти орду гандум, гази моеъ ва бархе маҳсулоти дигари ниёзи аввал маҳз ба ин кишвар рост меояд.