https://sputnik.tj/20230503/putin-se-sokin-dushanbe-maktub-shodboshi-firistod-1056835208.html
Путин унвонии се сокини Душанбе мактуби шодбошӣ фиристод
Путин унвонии се сокини Душанбе мактуби шодбошӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Ин се нафар шаҳрвандони Русия буда, дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Онҳо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд 03.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-03T09:59+0500
2023-05-03T09:59+0500
2023-05-03T12:51+0500
русия
дар тоҷикистон
владимир путин
иҷтимоъ
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055667921_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_3ff106d9ccb7df990d47af06725ed678.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се корманди фронти ватании муқими Душанбе, шаҳрвандони Федератсияи Русия мактуб ирсол кард.Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст. Дар остонаи Рӯзи Ғалаба кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон табрикоти шахсии раисиҷумҳури Русияро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳрвандони Русияи муқими Душанбе – Раиса Мусинова, Назиба Гибадулина ва Роза Габдулина расонданд.Намояндагии дипломатӣ афзуд, кормандони сафорат ҳамчунин ба аёдати собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дмитрий Откин дар Душанбе рафта, ӯро бо Рӯзи Ғалабаи дарпешистода табрик гуфтаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 37 нафар собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба сар мебаранд. Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони кишвар, дар соли 2020 дар Тоҷикистон 168 собиқадор, соли 2021 - 98 нафар, соли 2022 ин шумора ба 59 нафар коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон боз 22 собиқадори ҶБВ-ро аз даст дод: Чанд нафари дигар дар қайди ҳаётанд?Куҳансолтарин иштирокчии ҷанг аз Тоҷикистон Рашид Каримов мебошад, ки имсол ба синни 111 солагӣ хоҳад расид. Ӯ мутаваллиди 9 майи соли 1912 мебошад.Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, ки 92 ҳазор нафари онҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимнан, 65 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гирифта, 15 нафар бо орденхои Шуҳрат дараҷаи се ва ҳамчунин 55 тани дигар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.
https://sputnik.tj/20230502/diplomat-rus-qabriston-kuhansarbozon-jbv-buston-1056830291.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055667921_93:0:2824:2048_1920x0_80_0_0_a88d55ebad8539c8038905da01b55e96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар тоҷикистон, владимир путин, иҷтимоъ, рӯзи ғалаба
русия, дар тоҷикистон, владимир путин, иҷтимоъ, рӯзи ғалаба
Путин унвонии се сокини Душанбе мактуби шодбошӣ фиристод
09:59 03.05.2023 (Навсозишуда: 12:51 03.05.2023) Ин се нафар шаҳрвандони Русия буда, дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Онҳо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се корманди фронти ватании муқими Душанбе, шаҳрвандони Федератсияи Русия мактуб ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар остонаи Рӯзи Ғалаба кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон табрикоти шахсии раисиҷумҳури Русияро ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳрвандони Русияи муқими Душанбе – Раиса Мусинова, Назиба Гибадулина ва Роза Габдулина расонданд.
Намояндагии дипломатӣ афзуд, кормандони сафорат ҳамчунин ба аёдати собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Дмитрий Откин дар Душанбе рафта, ӯро бо Рӯзи Ғалабаи дарпешистода табрик гуфтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 37 нафар собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба сар мебаранд. Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони кишвар, дар соли 2020 дар Тоҷикистон 168 собиқадор, соли 2021 - 98 нафар, соли 2022 ин шумора ба 59 нафар коҳиш ёфтааст.
Куҳансолтарин иштирокчии ҷанг аз Тоҷикистон Рашид Каримов мебошад, ки имсол ба синни 111 солагӣ хоҳад расид. Ӯ мутаваллиди 9 майи соли 1912 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, ки 92 ҳазор нафари онҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимнан, 65 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гирифта, 15 нафар бо орденхои Шуҳрат дараҷаи се ва ҳамчунин 55 тани дигар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.