https://sputnik.tj/20230502/chand-ishtirokchii-jbv-tojikiston-hayot-1056821358.html
Тоҷикистон боз 22 собиқадори ҶБВ-ро аз даст дод: Чанд нафари дигар дар қайди ҳаётанд?
Тоҷикистон боз 22 собиқадори ҶБВ-ро аз даст дод: Чанд нафари дигар дар қайди ҳаётанд?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи як соли охир боз 22 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри навоҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз намондаст
2023-05-02T15:25+0500
2023-05-02T15:25+0500
2023-05-02T15:26+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
собиқадори ҷанг
ҷбв
ид
ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1c/1054547622_0:174:3023:1874_1920x0_80_0_0_bcb5bbc26b0bd3db77c538cc67dad092.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, Раҳмат Қудратов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 57 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд. Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонигӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст. Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20230427/putin-kuhansarboz-jbv-tojikiston-noma-tabrikot-1056714045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1c/1054547622_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_499556941b4478e97a8b2d71d7286abb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иштирокчӣ, ҷбв, қайд, ҳаёт, тоҷикистон, навоҳӣ
иштирокчӣ, ҷбв, қайд, ҳаёт, тоҷикистон, навоҳӣ
Тоҷикистон боз 22 собиқадори ҶБВ-ро аз даст дод: Чанд нафари дигар дар қайди ҳаётанд?
15:25 02.05.2023 (Навсозишуда: 15:26 02.05.2023) Эксклюзив
Тоҷикистон тайи як соли охир боз 22 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри навоҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз намондаст
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, Раҳмат Қудратов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат доранд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 57 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонигӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.