Нумон Ҳасанов, дастпарвари “Пахтакор”, сармураббии "Хуҷанд" шуд

© SputnikНумон Хасанов
Нумон Хасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Обуна шудан
Раҳбарияти бошгоҳи хуҷандӣ изҳори умедворӣ кард, ки бо омадани мураббии кордон дастоварду бурдҳои дастаашон бештар хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Собиқ бозигар ва ҳам сармураббии “Пахтакор”- и Ӯзбекистон, сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд” таъйин гардид.
Маросиии мурафии сармурабии нави тими “Хуҷанд” имрӯз 1май дар ҳузури футболбозон ва расонаҳои хабарӣ доир шуд.
Мурод Умаров, директори иҷроияи клуби футболи Хуҷанд дар расми муаррифӣ изҳори умедворӣ кард, ки таҳти сармуарабии нав “Хуҷанд” ба комёбиҳои нав соҳиб хоҳад шуд.
“Дар бораи корномаҳои Нумон Нурматович Ҳасанов мо зиёд шунидаем, балкӣ дурахши эшонро дар ҳайати “Пахтакор” зиёд дидаем. Мо ин шахси бузурги олами футболро ба тими “Хуҷанд” хайрамақдам мегуем” - гуфт Умаров.
Ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром футболкаеро, ки пасу пешаш навиштаҷоти Ҳасанов ва FC Khujand доштаро ба Нумон Ҳасанов тақдим намуд.
Ҳасанов дар ин мақом дар “Хуҷанд” Рустам Хоҷаевро иваз мекунад, ки ахиран аз ин вазифа истеъфо дод.
Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Натиҷа дилхоҳ нашуд: Сармураббии дастаи "Хуҷанд" аз мақомаш истеъфо дод
Хоҷаев қаблан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон истеъфояшро шарҳ дода, гуфт, ки чунин тасмимро пас аз бозии дастааш бо "Файзканд" ки бо натиҷаи мусовӣ 2:2, вале ғолибан бохти “Хуҷанд” анҷом ёфт, гирифтааст.
Зимнан дар бораи замони қарордод бо сармурабии узбекистонӣ чизе гуфта нашуд.

Ҳасанов сармурабии нави Хуҷанд кист?

Ҳасанов Нуъмон Нурматович, 10 феврали соли 1971 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1990 дар ҳайати “Пахтакор” пайваста барои гирифтани унвони қаҳрамонӣ Ҷоми кишвар сарфароз шудааст.
Солҳои 1999 – 2000 пайваста дар клуби футболи “Дӯстлик” қаҳрамон шудааст.
Ӯ дар дастаи мунтахаби Узбекистон капитани даста буда, соли 2002 голи 100 уми худро дар футболи бузурги кишвараш сабт кардааст.
Мавсуф аз соли 2003 фаъолияташро минҳайси мураббӣ оғоз намуда, як муддат дар бошгоҳи “Дӯстлик” баъдан аз соли 2012 то 2016 мурабӣ ва сармурабии “Пахтакор” и Тошканд буд.
Қабл аз омаданаш ба “Хуҷанд” соле қабл сармураббии “Истаравшан” ҳам таъйин шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0