Шарҳи РВКД бобати садама дар Зарафшон: кушташуда шаҳрванди 23 - солаи Ӯзбекистон аст

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Обуна шудан
Қаблан КҲФ аз рух додани садамаи мудҳиш дар роҳи маҳаллаи Зарафшон хабар дода, афзуд, ки шахсияти ронандаи кушташуда номаълум аст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ, ки шаби 17 ба 18 март дар роҳи маҳаллаи Зарафшон рух дод, шаҳрванди Ӯзбекистон фавтид.
Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ронандаи 23 - солаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Чортоктумани вилояти Намангон дучори садама шуд.
"Номбурда ҳангоми тавассути роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсум аз ҷониби маҳаллаи Зафар ба самти хиёбони И.Сомонӣ бо суръати баланд ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархурд", - омадааст дар хабарнома.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Садамаи мудҳиш дар Зарафшон: шахсияти ронандаи фавтида номаълум аст
Дар натиҷаи ин ҳодиса автомашина ба ду қисм ҷудо шуда, қисмати қафои автомашина оташ гирифтааст. Ронанда аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ҷон аз даст дод.
Манбаъ меафзояд, нисбати ҳодисаи баамаломада тафтишот идома дорад.
Қаблан ин ҳодисаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ шарҳ дода, афзуд ки наҷотбахшон ҳамроҳ бо оташнишонони ВКД сӯхторро хомӯш ва паёмади садамаро бартараф карданд.
Ин ниҳод афзуд, ки шахсияти нафари ҳалокшуда маълум нест ва ниҳодҳои марбута дар ин самт фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0