https://sputnik.tj/20230502/mintaqahoi-rusiyaro-muhojironi-kori-beshtarand-1056809893.html
Маълум шуд, ки дар кадом минтақаҳои Русияро муҳоҷирони корӣ бештаранд
Маълум шуд, ки дар кадом минтақаҳои Русияро муҳоҷирони корӣ бештаранд
Sputnik Тоҷикистон
Ин минтақаҳо на танҳо бо теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар садри рейтинг қарор гирифтанд, балки ҳамзамон аз Маскав ва Санкт-Петербург ҳам пеш гузаштанд
2023-05-02T11:10+0500
2023-05-02T11:10+0500
2023-05-02T11:10+0500
русия
муҳоҷират
кор
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038932001_0:0:2976:1674_1920x0_80_0_0_61ca88aa7425e8ccfe9d62369ee98115.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс, Ҳавзаи мухтори Ненетс ва Ханти-Манси пешсафони рейтингро бо ҳиссаи бештари муҳоҷирони кории воридотӣ гирифтанд, менависад "Известия" бо истинод ба як пажӯҳиши нав. Дар соли 2022 ин минтақаҳо бештар коргарони хориҷиро қабул кардаанд. Аксарияти мутахассисонро манотиқи Шимолӣ ва Шарқи Дур, Маскав ва Санкт-Петербург қабул мекунанд. Аммо агар одамон дар ҷустуҷӯи кори доимӣ бештар ба мегаполисҳо майл доранд, пас коргарони мавсимӣ асосан ба Шимол мераванд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти шабакаи аудит ва консалтингии FinExpertiza, соли гузашта дар Ямало-Ненетс (35% шумораи умумии коргарони минтақа) қисми зиёди муҳоҷирон дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳавзаи мухтории Ненетс — 21%, дар ҳавзаи мухтории Ханти-Манси — 20%. Дар Маскав ва Санкт-Петербург ин нишондод мутаносибан 19% ва 7% мебошад.Таҳлилгарон мегӯянд, "дар баробари ин, мардум барои кор ба пойтахт ба таври доимӣ мераванд, дар ҳоле ки шимол бо даромади мавсимии баланд диққатҷалбкунанда аст". Илова бар ин, панҷ минтақае, ки сокинонашон бештар аз хона барои кор мераванд, вилоятҳои Маскав, Адигея, вилояти Ленинград, Чувашистон ва Мари Эл мебошанд.Аксари довталабон аз соҳаҳои истеҳсолот, нақлиёт, идоракунии кадрҳо ва ҳуқуқ мебошанд. Аммо омӯзгорон ва табибон аз ҳисоби барномаҳои дастгирии давлатӣ ҳаракати баланд нишон медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, пажӯҳиш коҳиши муҳоҷирати корӣ дар дохили кишварро ошкор кардааст, ки ба вазъи иқтисодӣ ва маъруфияти кори фосилавӣ марбут аст.
https://sputnik.tj/20230427/shirkatho-sokhtmon-rusiya-omodaand-muhojir-kor-tamin-1056716102.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038932001_245:0:2976:2048_1920x0_80_0_0_d9b55377278a689b9a1424715095b5ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
минтақаҳо русия муҳоҷир кор
минтақаҳо русия муҳоҷир кор
Маълум шуд, ки дар кадом минтақаҳои Русияро муҳоҷирони корӣ бештаранд
Ин минтақаҳо на танҳо бо теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар садри рейтинг қарор гирифтанд, балки ҳамзамон аз Маскав ва Санкт-Петербург ҳам пеш гузаштанд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс, Ҳавзаи мухтори Ненетс ва Ханти-Манси пешсафони рейтингро бо ҳиссаи бештари муҳоҷирони кории воридотӣ гирифтанд, менависад "Известия" бо истинод ба як пажӯҳиши нав.
Дар соли 2022 ин минтақаҳо бештар коргарони хориҷиро қабул кардаанд.
Аксарияти мутахассисонро манотиқи Шимолӣ ва Шарқи Дур, Маскав ва Санкт-Петербург қабул мекунанд.
Аммо агар одамон дар ҷустуҷӯи кори доимӣ бештар ба мегаполисҳо майл доранд, пас коргарони мавсимӣ асосан ба Шимол мераванд.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти шабакаи аудит ва консалтингии FinExpertiza, соли гузашта дар Ямало-Ненетс (35% шумораи умумии коргарони минтақа) қисми зиёди муҳоҷирон дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳавзаи мухтории Ненетс — 21%, дар ҳавзаи мухтории Ханти-Манси — 20%.
Дар Маскав ва Санкт-Петербург ин нишондод мутаносибан 19% ва 7% мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, "дар баробари ин, мардум барои кор ба пойтахт ба таври доимӣ мераванд, дар ҳоле ки шимол бо даромади мавсимии баланд диққатҷалбкунанда аст".
Илова бар ин, панҷ минтақае, ки сокинонашон бештар аз хона барои кор мераванд, вилоятҳои Маскав, Адигея, вилояти Ленинград, Чувашистон ва Мари Эл мебошанд.
Аксари довталабон аз соҳаҳои истеҳсолот, нақлиёт, идоракунии кадрҳо ва ҳуқуқ мебошанд.
Аммо омӯзгорон ва табибон аз ҳисоби барномаҳои дастгирии давлатӣ ҳаракати баланд нишон медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, пажӯҳиш коҳиши муҳоҷирати корӣ дар дохили кишварро ошкор кардааст, ки ба вазъи иқтисодӣ ва маъруфияти кори фосилавӣ марбут аст.