https://sputnik.tj/20230427/shirkatho-sokhtmon-rusiya-omodaand-muhojir-kor-tamin-1056716102.html
Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд ҳазорон муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин кунанд
Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд ҳазорон муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин кунанд
Sputnik Тоҷикистон
"Ассотсиатсияи миллии бинокорон" (НОСТРОЙ) дар бораи мониторинги ниёзҳои кунунии бозори сохтмонии Русия ба коргарони хориҷӣ гузориш дод
2023-04-27T11:16+0500
2023-04-27T11:16+0500
2023-04-27T11:19+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
дар русия
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_61:0:3020:1665_1920x0_80_0_0_9aa22f887594274072db4927297b8705.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд, ки беш аз 4000 коргари соҳибихтисос аз Тоҷикистонро ба кор ҷалб кунанд. Дар ин бора роҳбари Ассотсиатсияи "Ассотсиатсияи миллии бинокорон" (НОСТРОЙ) Антон Глушков дар мулоқоти намояндагони соҳа бо роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт. Маълумот дар асоси мониторинги ассотсиатсия ба талаботи воқеии бозори сохтмон ба коргарони хориҷӣ асос ёфтааст. Глушков қайд намуд, воситаҳои баҳодиҳӣ, ки аз тарафи коршиносону раҳбарони истеҳсолот тасдиқ карда шуда, барои истихдоми шахсони ба кор қабулшаванда тартиб дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, рушди мантиқии ин иқдом дар Тоҷикистон ифтитоҳи марказҳои тахассусии омӯзишӣ барои хоҳишмандони кор дар Федератсияи Русия хоҳад буд, то мутахассисони хориҷӣ имкон дошта бошанд, то супоридани санҷишҳо дониши худро “тақвият кунанд”. Ёдовар мешавем, ки дар Маскав марказҳои санҷиши малака барои хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, ифтитоҳ мешаванд. Айни пайтда комплекс дастурий-техникавий комплекс синовдан ўтказилмоқда, ки дар он маводи имтиҳонҳо дар формати онлайн ҷойгир аст.Ҳоло комплекси нармафзор ва таҷҳизот озмоиш карда мешавад, ки дар он маълумоти имтиҳонот дар шакли онлайнӣ ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20230421/maskav-markaz-sanjish-malaka-muhojir-1056591959.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_358:0:3089:2048_1920x0_80_0_0_3d11c8afa6f226ff5b9b94b33eb313c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкатҳо сохтмон русия омода муҳоҷир тоҷик кор таъмин
ширкатҳо сохтмон русия омода муҳоҷир тоҷик кор таъмин
Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд ҳазорон муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин кунанд
11:16 27.04.2023 (Навсозишуда: 11:19 27.04.2023) "Ассотсиатсияи миллии бинокорон" (НОСТРОЙ) дар бораи мониторинги ниёзҳои кунунии бозори сохтмонии Русия ба коргарони хориҷӣ гузориш дод
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд, ки беш аз 4000 коргари соҳибихтисос аз Тоҷикистонро ба кор ҷалб кунанд.
Дар ин бора роҳбари Ассотсиатсияи "Ассотсиатсияи миллии бинокорон" (НОСТРОЙ) Антон Глушков дар мулоқоти намояндагони соҳа бо роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.
"Тибқи натоиҷи назарсанҷӣ ихтисосҳои асосӣ ва теъдоди коргарони хориҷӣ аз Тоҷикистон муайян карда шуд, ки таҳиягарон ҳоло омодаанд, ки онҳоро бо кор таъмин кунанд", - гуфт ӯ.
Маълумот дар асоси мониторинги ассотсиатсия ба талаботи воқеии бозори сохтмон ба коргарони хориҷӣ асос ёфтааст.
Глушков қайд намуд, воситаҳои баҳодиҳӣ, ки аз тарафи коршиносону раҳбарони истеҳсолот тасдиқ карда шуда, барои истихдоми шахсони ба кор қабулшаванда тартиб дода шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, рушди мантиқии ин иқдом дар Тоҷикистон ифтитоҳи марказҳои тахассусии омӯзишӣ барои хоҳишмандони кор дар Федератсияи Русия хоҳад буд, то мутахассисони хориҷӣ имкон дошта бошанд, то супоридани санҷишҳо дониши худро “тақвият кунанд”.
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав марказҳои санҷиши малака барои хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, ифтитоҳ мешаванд.
Айни пайтда комплекс дастурий-техникавий комплекс синовдан ўтказилмоқда, ки дар он маводи имтиҳонҳо дар формати онлайн ҷойгир аст.
Ҳоло комплекси нармафзор ва таҷҳизот озмоиш карда мешавад, ки дар он маълумоти имтиҳонот дар шакли онлайнӣ ҷойгир аст.