https://sputnik.tj/20230407/muzokirot-haftruza-tojikiston-qirghiziston-marz-bishkek-1056281509.html
Музокироти ҳафтрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз дар Бишкек
Музокироти ҳафтрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз дар Бишкек
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон давоми як ҳафта дар шаҳри Бишкек мушаххассозии марзро баррасӣ намудаанд
2023-04-07T13:11+0500
2023-04-07T13:11+0500
2023-04-07T13:11+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
тақсимоти ҳудудӣ
сиёсат
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад..Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи ҳафт рӯз дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.Танҳо зикр намуд, таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Душанбе баргузор мегардад.Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.Қаблан вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки мулоқоти гуруҳҳои марбути масоили марз, тақрибан ҳармоҳа сурат гирифта, соли 2022 чунин дидорҳо 7 маротиба сурат гирифтааст.Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
https://sputnik.tj/20230202/vokhuri-tojikiston-qirghiziston-marz-natija-1054652360.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот тоҷикистон қирғизистон масъала марз бишкек
музокирот тоҷикистон қирғизистон масъала марз бишкек
Музокироти ҳафтрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз дар Бишкек
Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон давоми як ҳафта дар шаҳри Бишкек мушаххассозии марзро баррасӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад..
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи ҳафт рӯз дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
" Дар асоси Нақша-ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2023 ва мувофиқаи бо роҳи дипломатӣ бадастомада дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 1 – 7 апрели соли 2023 вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид",- афзудааст манбаъ.
ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.
Танҳо зикр намуд, таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Душанбе баргузор мегардад.
Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.
Қаблан вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки мулоқоти гуруҳҳои марбути масоили марз, тақрибан ҳармоҳа сурат гирифта, соли 2022 чунин дидорҳо 7 маротиба сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.