https://sputnik.tj/20230502/guzorish-sarbozgiri-tojikiston-vazorat-difo-naqsharo-1056807109.html
Гузориши аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон: Вазорати дифоъ иҷроиши нақшаро шарҳ дод
Гузориши аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон: Вазорати дифоъ иҷроиши нақшаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Шароити хуб дар артиш ва зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст омили аслии пеш аз муҳлат иҷроиши нақшаи сарбозгирӣ дар баъзе минтақаҳо будааст
2023-05-02T09:02+0500
2023-05-02T09:02+0500
2023-05-02T09:02+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
иҷрои нақшаи даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/21/1026792129_0:103:2049:1255_1920x0_80_0_0_d3efe313073630b763e73bd026c00b00.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - апрел, 63% иҷро шудаст.Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон аллакай пурра ба анҷом расида, чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100% иҷро намуданд.Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ нишондоди пешбинишударо ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 70% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.Масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 60% баробар намудаанд.Дар ин минтақа ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расонидаанд.Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 45% баробар шудааст.Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.Вазорат сабаби асосии пеш аз муҳлат тамом кардани нақша дар баъзе шаҳру навоҳиро таваҷҷуҳи ҳукумат ба артишу шароити хизмативу майишӣ ва зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст дар чунин минтақаҳо хондааст.
https://sputnik.tj/20230405/rahmon-mansabdor-farzand-khizmat-gusel-1056192434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/21/1026792129_118:0:1929:1358_1920x0_80_0_0_424d7e4e88e039efb96997e0645cc80e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориши сарбозгирӣ тоҷикистон вазорат дифоъ нақша шарҳ
гузориши сарбозгирӣ тоҷикистон вазорат дифоъ нақша шарҳ
Гузориши аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон: Вазорати дифоъ иҷроиши нақшаро шарҳ дод
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз натиҷаҳои маъракаи даъвати баҳорӣ дар апрели соли равон гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро тавзеҳ дод.
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - апрел, 63% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон аллакай пурра ба анҷом расида, чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100% иҷро намуданд.
Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ нишондоди пешбинишударо ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 70% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.
Масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 60% баробар намудаанд.
Дар ин минтақа ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расонидаанд.
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 45% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
Вазорат сабаби асосии пеш аз муҳлат тамом кардани нақша дар баъзе шаҳру навоҳиро таваҷҷуҳи ҳукумат ба артишу шароити хизмативу майишӣ ва зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст дар чунин минтақаҳо хондааст.