Вазъи саломатии Эрдуғон чӣ гуна аст? Посухи дастгоҳи президенти Туркия

© Sputnik / Sergey Karpuhin / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Обуна шудан
Як манбаъ дар дастгоҳи раисҷумҳури Туркия изҳор доштааст, ки раҳбари ин кишвар " ба кори худ идома медиҳад" ва хабарҳо ҳадафҳои ғаразнок доранд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маълумоти бардурӯғ дар бораи вазъи саломатии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳадафҳои сиёсӣ дорад.
Дар ин бора як манбаъ дар маъмурияти сарвари туркия хабар додааст.
"Ман ба шумо равшан ва возеҳ изҳор мекунам: ин овозаҳо аз ҷониби бадхоҳони кишвари мо ҳастанд", таъкид кард ӯ.
Илова бар ин, дар мусоҳиба бо РИА Новости ин манбаъ қайд кард, ки раҳбари Туркия "корро дар ҳолати корӣ идома медиҳад".
Қаблан дар ҷараёни пахши барномае вазъи Эрдуғон бад шуд, ки боиси қатъ шудани пахши мустақим гардид.
Пас аз чанде ҳавохӯрӣ баргашт ва изҳор дошт, ки ба зукоми меъда гирифтор шудааст.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Вазъи саломатии Эрдуғон дар пахши мустақим бад шуд
Дар пайи ин вазъ дар интернет маълумот дар бораи сактаи қалби сарвари давлат паҳн шуд.
Ҳамин тариқ, Маркази мубориза бо маълумоти бардурӯғ дар дастгоҳи президент ин хабарҳоро рад кард.
Мақомоти кишвар гуфтанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон сактаи қалб надошт, сабаби бемории ӯ сармохӯрдагӣ будааст.
Муовини президент Фуат Октай гуфт, ки сарвари давлат "сармохӯрдагии сабук" дошт ва вазъи саломатиаш "хуб" аст.
Лентаи хабарҳо
0