https://sputnik.tj/20230427/putin-kuhansarboz-jbv-tojikiston-noma-tabrikot-1056714045.html
Путин ба куҳансарбозони ҶБВ-и Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ ирсол кард
Путин ба куҳансарбозони ҶБВ-и Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорон ва куҳансарбозони ҶБВ, ки дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд номаҳои табрикотӣ ирсол кард 27.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-27T09:02+0500
2023-04-27T09:02+0500
2023-04-27T09:02+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҷбв
собиқадорон
куҳансарбоз
ҷашни рӯзи ғалаба
рӯзи ғалаба
табрикот
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056713879_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_046d6080291076c4078b6c3f9cd63bdd.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Кормандони консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба номаҳои табрикотии раисҷумҳури Русия Владимир Владимирович Путинро ба меҳнаткашони ақибгоҳ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, тақдим намуданд.Дипломатҳои рус намаҳои табрикотиро ба Умурзоқов Эшбой, сокини ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шокиров Ҳотам сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ расонданд.Ба нишони дӯстӣ ва эҳтироми мардумон масъулини ҳукумати маҳаллӣ, комиссариати ҳарбӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мастчоҳ ба кормандони консулгарии генералӣ нони тоҷикиро бо навиштаҷоти “Русия ва Тоҷикистон” ҳадя намуданд.Ҳамчунин номаҳои табрикотии Владимир Путин ба Ҷураева Валентина Михайловна, Сербулова Мария Александровна, Куксина Клавдия Григорьевна супурда шуданд.Дар баробари ин, дипломатҳои рус собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳмадҷон Ҳобилов, Бурҳонбой Бердиев ва Абдуваҳоб Маҳкамовро, ки дар шаҳри Конибодом ва ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров зиндагӣ мекунанд, дидан намуданд ва онҳоро бо ҷашни дар пешистода табрик намуданд.Ёдовар мешавем, ки дар соли равонӣ ҳукумати вилояти Суғд ба 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд дод. Маблағги умумии ҷудошуда ба ин мақсадҳо 445 ҳазор сомониро ташкил медихад.
https://sputnik.tj/20230424/hukumat-sughd-ishtirokchiyon-jbv-kumakpuli-1056642566.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056713879_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_9fceb6eaefb17a22794c3aed3a54abc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, ҷбв, собиқадорон, куҳансарбоз, ҷашни рӯзи ғалаба, рӯзи ғалаба, табрикот, владимир путин
дар тоҷикистон, суғд, ҷбв, собиқадорон, куҳансарбоз, ҷашни рӯзи ғалаба, рӯзи ғалаба, табрикот, владимир путин
Путин ба куҳансарбозони ҶБВ-и Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ ирсол кард
Раисҷумҳури Русия дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорон ва куҳансарбозони ҶБВ, ки дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд номаҳои табрикотӣ ирсол кард
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Кормандони консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба номаҳои табрикотии раисҷумҳури Русия Владимир Владимирович Путинро ба меҳнаткашони ақибгоҳ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, тақдим намуданд.
Дипломатҳои рус намаҳои табрикотиро ба Умурзоқов Эшбой, сокини ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шокиров Ҳотам сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ расонданд.
Ба нишони дӯстӣ ва эҳтироми мардумон масъулини ҳукумати маҳаллӣ, комиссариати ҳарбӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мастчоҳ ба кормандони консулгарии генералӣ нони тоҷикиро бо навиштаҷоти “Русия ва Тоҷикистон” ҳадя намуданд.
Ҳамчунин номаҳои табрикотии Владимир Путин ба Ҷураева Валентина Михайловна, Сербулова Мария Александровна, Куксина Клавдия Григорьевна супурда шуданд.
Дар баробари ин, дипломатҳои рус собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳмадҷон Ҳобилов, Бурҳонбой Бердиев ва Абдуваҳоб Маҳкамовро, ки дар шаҳри Конибодом ва ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров зиндагӣ мекунанд, дидан намуданд ва онҳоро бо ҷашни дар пешистода табрик намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли равонӣ ҳукумати вилояти Суғд ба 11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд дод. Маблағги умумии ҷудошуда ба ин мақсадҳо 445 ҳазор сомониро ташкил медихад.