Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ гуфт

© AP / Efrem LukatskyПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина эълон доштааст, ки ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои Русияро бидуни ҳавопаймоҳои ғарбӣ оғоз хоҳад кард ва ин талафотро бештар мекунад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский омодагии худро барои оғози амалиёти ҷавобӣ бидуни интиқоли ҷангандаҳои F-16 эълон кард.
Дар ин бора дафтари президенти Украина дар саҳифааш дар Telegram хабар додааст.
"Дигар вақти таъхир нест, бинобар ин мо пеш аз он ки ҳавопаймоҳои ҷангандаи ғарбӣ дошта бошем, оғоз хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Украина иқрор шуд, ки бидуни ҳавопаймоҳои ғарбӣ, барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина душвор хоҳад буд. Киев сарбозони бештарро аз даст хоҳад дод.
Зеленский ахиран гуфт, Киев наметавонад Артёмовскро тарк кунад, зеро дар ин сурат нерӯҳои Русия имкони ишғол кардани қаламравҳои бештар хоҳанд дошт.
Вақтҳои охир дар бораи ҳамлаи ҷавобии Украина зиёд изҳорот дода мешавад. Намояндаи Кремл, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки ҷониби Русия изҳороту ҳаракатҳои ҷониби Украинаро пайгирӣ мекунаду вобаста ба он амалиёти низомиро нақшабандӣ мекунад.
Артиллеристы вооруженных сил РФ ведут огонь по позициям ВСУ из гаубицы Мста-Б в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Артиши Русия зиддиҳамлаҳои нерӯҳои Украина аз байн бурд
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина иборатанд.
Лентаи хабарҳо
0