https://sputnik.tj/20230430/raypursi-taghyiri-konstitutsiya-uzbekiston-1056779239.html
Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия дар Ӯзбекистон: чӣ тағйир меёбад?
Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия дар Ӯзбекистон: чӣ тағйир меёбад?
Дар раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири қонуни асосӣ наздики 20 млн шаҳрванди Ӯзбекистон аз ҷамъияти 36-миллионӣ метавонанд ширкат кунанд
2023-04-30T13:30+0500
2023-04-30T13:30+0500
2023-04-30T13:30+0500
осиёи марказӣ
сиёсат
тағйирот
конститутсия
раъйпурсӣ
ӯзбекистон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032051785_0:80:1522:936_1920x0_80_0_0_da6cdb832d88f02d9eaa01b3ef2af824.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар 40 кишвари ҷаҳон раванди овоздиҳӣ дар ҳамапурсӣ барои тағйири қонуни асосии Ӯзбекистон ҷараён дорад, иттилоъ дод ноиби вазири умури хориҷии ин кишвар, Баҳром Алоев. Ба иттилои манбаъ, нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ кушода шуда, соати 20:00 баста мешаванд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, беш аз 10 ҳазор қитъаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки беш аз 600 ҳазор шаҳрвандоне, ки дар рӯзи раъйпурсӣ наметавонанд дар маҳалли зисти худ бимонанд, тавонистаанд пеш аз мӯҳлат аз 19 то 26 апрел раъйи худро диҳанд.Дар раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири қонуни асосӣ наздики 20 млн шаҳрванди Ӯзбекистон аз ҷамъияти 36-миллионӣ метавонанд ширкат кунанд. Дар сурати қабули тағйироти ҷадид, интизор меравад, ки аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ тағйир хӯрад. Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Ҳоло ин корро ҳизби ҳоким дар кишвар анҷом медиҳад.Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст. Қонуни асосии Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда, тағйирот ба он дар солҳои 2009, 2016 ва 2017 ворид шуда буданд.
https://sputnik.tj/20230315/mirziyoev-metavonad-davra-seum-intikhob-1055525639.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032051785_85:0:1438:1015_1920x0_80_0_0_98829b9c7e939a3e23c0ca18be838b1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
конститутсия, тағйир, ӯзбекистон, раъйпурсӣ
конститутсия, тағйир, ӯзбекистон, раъйпурсӣ
Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия дар Ӯзбекистон: чӣ тағйир меёбад?
Дар раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири қонуни асосӣ наздики 20 млн шаҳрванди Ӯзбекистон аз ҷамъияти 36-миллионӣ метавонанд ширкат кунанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар 40 кишвари ҷаҳон раванди овоздиҳӣ дар ҳамапурсӣ барои тағйири қонуни асосии Ӯзбекистон ҷараён дорад, иттилоъ дод ноиби вазири умури хориҷии ин кишвар, Баҳром Алоев.
Ба иттилои манбаъ, нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ кушода шуда, соати 20:00 баста мешаванд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, беш аз 10 ҳазор қитъаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки беш аз 600 ҳазор шаҳрвандоне, ки дар рӯзи раъйпурсӣ наметавонанд дар маҳалли зисти худ бимонанд, тавонистаанд пеш аз мӯҳлат аз 19 то 26 апрел раъйи худро диҳанд.
Дар раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири қонуни асосӣ наздики 20 млн шаҳрванди Ӯзбекистон аз ҷамъияти 36-миллионӣ метавонанд ширкат кунанд.
Дар сурати қабули тағйироти ҷадид, интизор меравад, ки аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ тағйир хӯрад.
Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Ҳоло ин корро ҳизби ҳоким дар кишвар анҷом медиҳад.
Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст.
Қонуни асосии Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда, тағйирот ба он дар солҳои 2009, 2016 ва 2017 ворид шуда буданд.