https://sputnik.tj/20230429/viloyati-sughd-ruzi-baynalmilalii-oilaro-bo-shukuh-jashn-megirad-1056771021.html
Вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оиларо бо шукуҳ ҷашн мегирад
Вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оиларо бо шукуҳ ҷашн мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд дар Рӯзи байналмилалии оила суҳбату вохӯриҳо бо ҷавон, озмунҳои гуногун ва навиштани иншо баргузор мешавад
2023-04-29T18:29+0500
2023-04-29T18:29+0500
2023-04-29T18:29+0500
дар тоҷикистон
рӯзи оила
таҷлил
суғд
хуҷанд
озмун
қарор
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/16/1028061663_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_9a8c54fba9b6058cd4e58824eced8506.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Санаи 15 май дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.Дар доираи баргузории Рӯзи байналмилалии оила ташкили суҳбату вохӯриҳо бо иштироки оилаҳои намунавӣ, соҳибтаҷриба ва ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Оилаи мо беҳтарин" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.Ҳамзамон қайд карда шудааст дар ин рӯз озмуну маҳфилҳои гуногун, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, силсилаи семинар-машваратҳо дар мавзӯи "Оилаи солим — ҷомеаи устувор" ба нақша гирифта шудааст.Тибқи қарор раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳангу ҷавонон ва варзиш, маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рӯзи оила вазифадор гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230424/hukumat-sughd-ishtirokchiyon-jbv-kumakpuli-1056642566.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/16/1028061663_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_d2251f683c23ca854c4de7b0485310ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, рӯзи байналмилалии оила, таҷлил, қарор, раҷаббой аҳмадзода, озмун, вохуриҳо, иншо
тоҷикистон, суғд, рӯзи байналмилалии оила, таҷлил, қарор, раҷаббой аҳмадзода, озмун, вохуриҳо, иншо
Вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оиларо бо шукуҳ ҷашн мегирад
Мақомоти вилояти Суғд дар Рӯзи байналмилалии оила суҳбату вохӯриҳо бо ҷавон, озмунҳои гуногун ва навиштани иншо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Санаи 15 май дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Дар доираи баргузории Рӯзи байналмилалии оила ташкили суҳбату вохӯриҳо бо иштироки оилаҳои намунавӣ, соҳибтаҷриба ва ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Оилаи мо беҳтарин" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст дар ин рӯз озмуну маҳфилҳои гуногун, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, силсилаи семинар-машваратҳо дар мавзӯи "Оилаи солим — ҷомеаи устувор" ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи қарор раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳангу ҷавонон ва варзиш, маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рӯзи оила вазифадор гардидаанд.