https://sputnik.tj/20230424/hukumat-sughd-ishtirokchiyon-jbv-kumakpuli-1056642566.html
Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ қариб ним млн сомонӣ кумакпулӣ медиҳад
Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ қариб ним млн сомонӣ кумакпулӣ медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд, ки дар қайди ҳаёт мебошанд, дар арафаи иди Ғалаба 11 нафар арзёбӣ гардид
2023-04-24T13:45+0500
2023-04-24T13:45+0500
2023-04-24T13:45+0500
дар тоҷикистон
ҷбв
кӯмак
меҳнат
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/82/1028858223_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_3af48c5be78f80997162d462cca669d0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ин ҷанг кӯмакпулиҳои яквақта дода мешавад.Дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуд инчунин шахсони дар ақибгоҳ фаъолиятдошта низ аз кумакпулӣ бархӯрдор хоҳанд шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода хоҳад шуд.Инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд, омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ ба 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 77 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 368 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Дар маҷмуъ маблағе, ки ҳукумати Суғд барои расондан ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҷудо мекунад, дар маҷмуъ 445 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон солгарди Ғалаба дар ҶБВ ба таври густурда таҷлил мегардад ва он расман таътил мебошад. Аёдати собиқадорону барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ одатан аз бандҳои барномаи таҷлили ин рӯз мебошанд.
https://sputnik.tj/20230207/safiri-rusiya-tojikiston-kuhansarbozi-jbv-video-1054760102.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/82/1028858223_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_70b03e3149c7f752146dfb21fe12fa59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иштирокчиён, ҷбв, кумакпулӣ, суғд
иштирокчиён, ҷбв, кумакпулӣ, суғд
Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ қариб ним млн сомонӣ кумакпулӣ медиҳад
Теъдоди иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд, ки дар қайди ҳаёт мебошанд, дар арафаи иди Ғалаба 11 нафар арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ин ҷанг кӯмакпулиҳои яквақта дода мешавад.
Дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуд инчунин шахсони дар ақибгоҳ фаъолиятдошта низ аз кумакпулӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода хоҳад шуд.
Инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ ба 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 77 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 368 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Дар маҷмуъ маблағе, ки ҳукумати Суғд барои расондан ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҷудо мекунад, дар маҷмуъ 445 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон солгарди Ғалаба дар ҶБВ ба таври густурда таҷлил мегардад ва он расман таътил мебошад. Аёдати собиқадорону барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ одатан аз бандҳои барномаи таҷлили ин рӯз мебошанд.