https://sputnik.tj/20230429/tamin-korjuyon-tojik-dar-shirkat-sokhtmonii-rusiya-1056765539.html
Баррасии таъмини корҷӯёни тоҷик бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия
Баррасии таъмини корҷӯёни тоҷик бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ду ширкати бонуфузи Русия бо мақомоти Тоҷикистон масоили касбомӯзиву таъмини корҷӯёни тоҷик бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои Русия баррасӣ карданд
2023-04-29T10:20+0500
2023-04-29T10:20+0500
2023-04-29T10:20+0500
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
муҳоҷират
таъмин кардан
кор
ҳамкорӣ
русия
ширкатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056765375_0:121:1000:684_1920x0_80_0_0_4227ab09a71da25414f23a7698d072bb.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои "Росатом" ва “НОСТРОЙ”- и Русия дар шаҳри Душанбе мосоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русияро бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Гулнора Ҳасанзода ахиран бо роҳбарии Генадий Сахаров - директори сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии "Росатом", Президенти Ассотсиатсияи “Иттиҳодияи миллии бинокорон” (“НОСТРОЙ”)-и Русия Антон Глушков ва намояндагони ширкати давлатии “Росатом” Дмитрий Рибалкин ва Борис Куликовро дидору гуфтугӯ кард. Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия мубодилаи афкор намуданд.Ҳамчунин, қайд карда шудааст, ки намояндагони ширкатҳои русӣ аз ҷараёни омӯзиши касбӣ дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид намуда, бо имкониятҳои фарогирии касбомӯзон аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи сохтмон шинос шуданд.
https://sputnik.tj/20230428/manturov-tojikiston-rusiya-park-sanoati-1056744927.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056765375_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_63406e6ca7c527688befdfe3b1d24ecb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, вазорати меҳнат, кори доимӣ, таъмин, ширкатҳои русяи, сохтмон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, вазорати меҳнат, кори доимӣ, таъмин, ширкатҳои русяи, сохтмон
Баррасии таъмини корҷӯёни тоҷик бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия
Намояндагони ду ширкати бонуфузи Русия бо мақомоти Тоҷикистон масоили касбомӯзиву таъмини корҷӯёни тоҷик бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои Русия баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои "Росатом" ва “НОСТРОЙ”- и Русия дар шаҳри Душанбе мосоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русияро бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Гулнора Ҳасанзода ахиран бо роҳбарии Генадий Сахаров - директори сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии "Росатом", Президенти Ассотсиатсияи “Иттиҳодияи миллии бинокорон” (“НОСТРОЙ”)-и Русия Антон Глушков ва намояндагони ширкати давлатии “Росатом” Дмитрий Рибалкин ва Борис Куликовро дидору гуфтугӯ кард.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия мубодилаи афкор намуданд.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани касбияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд", - илова кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, қайд карда шудааст, ки намояндагони ширкатҳои русӣ аз ҷараёни омӯзиши касбӣ дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид намуда, бо имкониятҳои фарогирии касбомӯзон аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи сохтмон шинос шуданд.